Додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Баҳси вазири молия бо мушовири собиқи Раҳмон додгоҳӣ шуд

39
(Таҷдидшуда 14:44 06.07.2015)
Вазорати молияи Тоҷикистон аз масъули собиқи ин ниҳод талаб дорад, ки манзили даҳ сол пеш гирифтаашро баргардонад. Ҳоло ин баҳс ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт кашонда шудааст.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон аз Сафаралӣ Саидшоев, муовини собиқи вазири молия ва мушовири дараҷаи аввали раисиҷумҳур талаб кардааст, хонаеро, ки дар замони кораш дар ин вазорат дода буданд, бозпас гардонад, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин манзили сеҳуҷраӣ даҳ сол қабл ба Саидшоев дода шуда ва дувумӣ иддао дорад, ки дар ивази хидматҳояш акнун ин хона ба ӯ тааллуқ мегирад, на Вазорати молия.

Ҳоло ин баҳс бо аризаи Абдусалом Қурбониён, вазири молия, ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кашида шудааст. Котиботи додгоҳи Фирдавсӣ ба "Озодӣ" гуфтааст, ин манзили баҳсӣ дар кӯчаи "40-солагии Ғалаба"-и пойтахт ҷойгир буда, аммо ба далели маризии Сафаралӣ Саидшоев баррасии он ба таъхир уфтодааст.

Сафаралӣ Саидшоев, муовини пешини вазири молия ва мушовири дараҷаи аввали раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2005, ба радио гуфтааст, дар ҳақиқат баҳси манзили зисти вай бо Вазорати молия идома дорад.

"Даъвои Вазорати молия тибқи қонун шояд дуруст бошад, аммо ман ҳам тайи 41 сол дар идораҳои давлатӣ, шурӯъ аз шуъбаҳои молияи вилоят то муовини вазири молия ва мушовири дараҷаи аввали президенти Тоҷикистон кор кардаам, маъюби гуруҳи дувум ҳастам ва ин хидматҳо бояд ба эътибор гирифта шаванд", — гуфтааст Саидшоев.

Саидшоев дар идома гуфтааст, дар ҳамин манзили зист беш аз 10 сол боз зиндагӣ дорад ва "мувофиқи қонунгузорӣ дар сурати аз даҳ сол бештар зиндагӣ кардан манзил аз они шаҳрванд дониста мешавад". Ӯ гуфт, манзили баҳсияш дар соли 2004, вақте муовини вазири молия таъин шуд, аз тарафи Вазорат ба ӯ ҳамчун хизматчии давлатӣ дода шудааст.

Аммо масъулони Шӯъбаи ҳуқуқии Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, вақте хона барои Саидшоев ба унвони хизматчии давлатӣ дода шудааст, баробари бознишаста шудан бояд он хонаро бозпас бидиҳад. "Манзил ҳамон вақт тӯҳфа мешавад, ки агар онро "Фонди манзили умумӣ"-и Вазорати молия дода бошад," — гуфтанд ҳамсӯҳбатони мо.

Сафаралӣ Саидшоев, муовини пешини вазири молияи Тоҷикистон бо изҳори умедворӣ мегӯяд, Абдусалом Қурбониён бо назардошти хизматҳои ӯ дар соҳаи молияи кишвар аз ин баҳс бояд чашм пӯшад. Саидшоев дар соли 1998 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуда ва дар соли 2004 муовини вазири молия мегардад. Дар соли 2005 мушовири дараҷаи аввали президенти Тоҷикистон оид ба масъалаи молӣ буд.

Ӯ соли 2007 сардори идораи андози вилояти Хатлон таъин шуда, то соли 2014 ба вазифааш идома медиҳад ва тӯли як сол боз бознишаста аст.

39
Барчаспҳо:
зист, хона, баҳси додгоҳӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати молия, додгоҳи Фирдавсӣ, Сафаралӣ Саидшоев, Абдусалом Қурбониён, Душанбе
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти сокини шаҳри Ваҳдат: боркашҳои "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ зад

402
(Таҷдидшуда 19:13 30.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти Раҷабов Ҳамроҳиддин, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ваҳдат ду худрави марди қарздорро оташ задааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 29 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Раҷабов Ҳамроҳиддин Ҷалолович, сокини 50-солаи шаҳри Ваҳат, посбони таваққуфгоҳи ҶСК "Пахта", дар ҳолати мастӣ ду адад автомашинаи боркаши тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ задааст.

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

Ин боркашҳо ба шаҳрванд Зеваров Илҳом тааллуқ доштаанд ва ӯ 9 моҳ ҳаққи таваққуфгоҳро пардохт накардааст.

Дар пайи ин ҳодиса ба нақлиёти номбурда зарари техникӣ расидаст.

Манбаъ афзудааст, ки Раҷабов Ҳамроҳиддин, аз тарафи кормандони милитсия дастгир гардида, маводи пешакӣ тартиб ва тафтиш идома дорад.

402
Барчаспҳо:
оташ, Ваҳдат, боркаш, Тоҷикистон, ВКД
Опустевшие дороги в городе Душанбе

Раёсати ВКД дар Душанбе: "Баҳриддинро облава набурдааст, ӯ талбандагӣ мекард"

261
(Таҷдидшуда 14:15 08.10.2020)
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вокунише нашр карда аз мардум хоҳиш кардааст, ки ҳар амали кормандони мақомоти қудратиро ба "Облава" рабт надиҳанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди милитсия инъикос ёфтааст.

Манбаъ афзудааст, ки муаллифи навор ҳодисаи мазкурро "ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)" шарҳ дода, баъдан ба як қатор расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.

Навори мазкур баъди паҳн гардидан дар шабакаҳои интернетӣ мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Вобаста ба аз байн бурдани нофаҳмии бавуҷудомада ва муайян намудани ҳолати воқеӣ дар асоси супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шахсияти ҳамаи иштирокдорони навор, аз ҷумла кормандони милитсия, ҷавонмарду ҷавонзани дар навор инъикосгардида ва муаллифи навор муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.

"Зимни санҷиш муайян карда шуда, ки онҳо: Пардаев Бадриддин Искандарович санаи таваллудаш 11.09.1993, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва ҳамсараш Халосова Озода Шамсиддиновна санаи таваллудаш 26.09.1995 сокини суроғаи болозикргардида мебошанд", - омадаатс дар хабарнома.

Ба иттилои онҳо, рӯзи  30 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шуданашон ба талбандагӣ кормандони милитсия ҳозир шуда, хостанд аз роҳи мошингард ҷавони талбанда Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд.

Ин ҳодисаро ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус RX рақами қайди давлатиаш 9345 ЕМ01 шаҳрванд Латипов Насимҷон Ҳақдодович соли таваллудаш 11.01.1994 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ҷомӣ тавассути телефони мобилиаш сабт намуда, бо гузашти 6-7 рӯз навори мазкурро носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун "ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)" бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст.

ВКД мегӯяд, худи шаҳрванд Латипов Насимҷон ҳодиса санаи 30 сентбяр рух дода буд, ки ҳатто дар ин руз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз нагардида, муаллифи навор дидаю дониста ин хабари бардуруғро ҳамчун ҳодисаи "облава" паҳн намудааст.

Раҳмон дар бораи "облава": қонуншикании ҷиддист, ҳатто беморонро мебаранд

"Ҷои нигаронист, ки як қатор расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳолати корро ба таври пурра дарк ва дуруст ташхис накарда, якҷониба ба таври худ ин ҳодисаро низ ҳамчун ҳодисаи "облава" инъикос намуданд, ки ин амали рузноманигорон хилофи этика ва меъёрҳои журналистӣ аст".

Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодаш шаҳрванд Пардаев Бадриддин аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин соҳиби 3 фарзанд мебошад ва ҳодисаи мазкур ба "облава" ягон рабт надорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки кормандони милитсия ӯҳдадоранд ҳар як ҳолати вайроннамоии қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо дуд додани испанд, ба фурӯш баровардани ҳар гуна маводҳои кӯдакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбаташон чораандешӣ намоянд.

261
Барчаспҳо:
ВКД, ВКД, "облава", Душанбе
Пожар, архивное фото

Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.

0
Барчаспҳо:
оташхомӯшкунӣ, сӯхтор, Тоҷикистон