Халабони украинӣ Надежда Савченко. Акс аз бойгонӣ

КТ: Савченко шояд чоряк аср дар зиндон монад

5
(Таҷдидшуда 11:07 14.07.2015)
Халабони украиниро дар куштори ду журналисти ШДТРУ (ВГТРК), ки моҳи июни соли гузашта дар вақти амалиёти ҳарбӣ дар Донбасс ба ҳалокат расиданд, муттаҳам мекунанд, аммо ӯ ин иттиҳомро радд мекунад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ба Надежда Савченко, ки дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ду хабарнигор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, то 25 соли зиндон таҳдид мекунад, иброз дошт намояндаи расмиии Кумитаи тафтишоти ФР Владимир Маркин.

Ӯ қайд кард, ки тибқи далелҳои ҷамъшуда муфаттишон амалкарди боздоштшударо дигар на ҳамчун гумонбар дар ҳамдастӣ, балки ҳамчун иҷрокунандаи қатли ду ва зиёда шахс баҳогузорӣ  менамоянд.

Мӯҳлати миёнаи маҳрумият аз озодӣ, ки ба Савченко таҳдид мекунад 25 солро ташкил медиҳад,- гуфт Маркин.

Қаблан Додситонии кулл хабар дод, ки парвандаи Савченкоро, ки бо куштор муттаҳам дониста мешавад, ба додгоҳи вилояти Ростов ирсол доштааст.

Надежда Савченкоро моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми қатли ду рӯзноманигори Русия дар ҷангҳои шарқи Украина дастгир намуданд.Бо нишони эътироз алайҳи боздошташ халабони украинӣ беш аз 70 рӯз гуруснанишинӣ карда, ҳеч гуна иттиҳомотро қабул надорад.

 

5
Барчаспҳо:
25 соли зиндон ба Савченко таҳдид мекунад, иттиҳом алайҳи халабони украинӣ, Додситонии кулли ФР, Кумитаи тафтишотӣ, Владимир Маркин, Надежда Савченко, Донбасс, Украина, Ростов, Русия
Мавзуъ
Савченко таҳдид кард, ки дубора даст ба гуруснанишинӣ мезанад
Порошенко: Савченко дар зудтарин фурсат озод мешавад