Маводи мухаддир, ки дар чархи эҳтиётӣ пинҳон карда шудааст. Акс аз бойгонӣ

АНМН: Кашфу мусодираи 25 кг нашъа дар ҶТ дар як шабонарӯз

15
(Таҷдидшуда 10:00 24.07.2015)
Кормандони Агентӣ дар канори шаҳри Душанбе сокини пойтахтро дастгир намуданд, ки аснои тафтиши борхалтаи варзишии ӯ, аз дохили он миқдори зиёди бастаҳои селлофанӣ бо маводи сабзранг ошкор гардид.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар 25 килограмм маводи мухаддир кашфу мусодира гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии АНМН.

"Кормандони Агентӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд автомашинаи тамғаи «Тойота-Прадо»-ро мавриди тафтиш қарор доданд.

Аснои азназаргузаронии нақлиёт аз махфигоҳ дар дохили чархи эҳтиётӣ 7 баста бо маводи хокистарранг бо бӯи махсус ошкор гардид. Мутобиқи хулосаи шуъбаи ташхиси криминалистӣ, маводи мусодирашуда ҳероин буда, вазни он 7 кг 116 грамро ташкил менамояд.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, ронандаи автомашина, сокини 53-солаи пойтахт ният дошт маводи мухаддирро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Ҳоло чораҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоҳои боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор андешида шудаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, аз рӯи ҳар ду ҳолат бо  моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон» оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

15
Барчаспҳо:
кашфу забти маводи мухаддир, ҳашиш мусодира гардид, ҳероин дар Душанбе, нашъа дарёфт шуд, боздошти қочоқчиён, Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, АНМН, Душанбе, Шаҳристон
Мавзуъ
Дар Душанбе се шаҳрванд бо як килограмм ҳероин боздошт шуданд
Боздошти як сокини Душанбе бо 4 кило ҳероин
Преступник за решеткой

Боздошти сокини ноҳияи Вахш: занеро фиреб додаву 12 ҳазор долларашро гирифтааст

256
(Таҷдидшуда 16:00 05.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди гунаҳкор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

256
Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, Тоҷикистон

Истеъмол накунед: олимон доруе, ки коронавирусро бештар афзоиш медиҳад муайян карданд

4977
Бархе озмоишҳо нишон додааст, ки яке аз шарбатҳои зидди сурфа ба зиёдшавии коронавирус дар бадан кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дар озмоишҳое, ки донишмандон барои баррасии таъсири анвои намуди доруҳо бар коронавирус анҷом додаанд мушаххас шуд, ки шарбати "Декстрометорфан", ки барои дармони сурфа истифода мешавад, метавонад сабаби зиёдшавии ин маризӣдар бадани фарди мубтало шавад.

Ин шарбат ҳамон фарояндеро фаъол мекунад, ки вируси корона барои зиёдшавии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Тасмими раису тобеин: маоши якмоҳа алайҳи коронавирус ва 500 сомонӣ кумакпулӣ ба табибон

Яке аз устодони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифода аз ин дору гуфтааст, ки он ҳоли беморони коронавирусро бадтар мекунад.

Донишмандони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско тавсия кардаанд беҳтар аст ҳама дар замони шуйюи вируси корона ва то замони эъломи натиҷаи ниҳоии таҳқиқот, дар истеъмоли ин дору ва доруҳои дигаре, ки боиси афзоиши зиёдшавии вирус мешаванд эҳтиёт кунанд.

4977
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
ДТП, архивное фото

Боз як садамаи марговар: пиёдагарди 38-сола зери чархи “Фолсваген-Пасат” ба ҳалокат расид

0
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз аз як садамаи маргбор, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода рух додааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 23:40 рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пасат”, Ибрагимов Умедҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуалимов Зоир Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа-ро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд кардааст, дар натиҷа Абдуалимов З.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома дорад.

Чанде пеш, Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намуд

Дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

0
Барчаспҳо:
пахш, пиёдагард, Турсунзода, деҳа, садама, вазорати умури дохила, Тоҷикистон