Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотии ВКД ҶТ 24 июли соли 2015

Раҳимзода гуфт, Гулмурод аз рафтанаш пушаймон аст

91
(Таҷдидшуда 15:26 27.07.2015)
Дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе рӯзи 25 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов гуфт, ки вай аз рафтанаш пушаймон аст.

 

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини Дастаи таъиноти махсус ё "ОМОН", ки ба гуруҳи террористии мавсум ба "Давлати исломӣ" пайвастааст, аз ин амалаш пушаймон аст.

Ҷаноби Раҳимзода ин нуктаро дар нишасти хабарии ВКД 25 июл изҳор дошт.

"Лекин ҷосус, ватанфурӯш, падарфурӯш, фарзандфурӯш пушаймонӣ надорад. Тақдири ӯ ба худаш маълум аст", — афзуд Раҳимзода.

Вазири дохилӣ гуфт, ҳанӯз замони ба ҳайси раҳбари ОМОН фаъолият намудани Ҳалимов онҳо муайян кардаанд, ки вай аз ҷиҳати равонӣ солим нест.

"Мо корҳои оперативӣ — профилактикӣ пеш мебурдем ва Ҳалимов он вақт аз ҷиҳати руҳӣ ва равонӣ ба мақомот дуруст наомад. Чандин маротиба санҷиш кардем, эрод гирифтем, ҳис мекард, ки оқибаташ ба хубӣ намеанҷомад, мо ӯро аз мақомот озод мекунем, барои ҳамин рафта, ба гуруҳи ифротӣ шомил шудааст", — илова кард вазир.

Генерали тоҷик Гулмурод Ҳалимовро шахси тасодуфие номид, ки дар авҷи бесарусомониҳои кишвар ба мақомот роҳ ёфтааст.

Раҳимзода: Ҳалимов бемории рӯҳӣ дошт

"Баъди солҳои 90-ум баъзан кормандони ҳайати шахсӣ бидуни санҷиши руҳӣ —равонӣ барои кор ба мақомот қабул шудаанд ва солҳои охир бисёре аз чунин ашхоси тасодуфиро аз ҳайати шахсӣ тоза кардем. Яке аз чунин шахсони тасодуфӣ, ки дар он солҳо ба кор қабул шудааст, фикр мекунам ҳамин кас буд. Мо нисбаташ гумонбар будем, санҷиш кардем, медонистем, ки аз ҷиҳатии солмии ақл ва руҳиву равонӣ дуруст нест", — гуфт вазир.

Хуршед Изатулло Мухаммадзода. Архивное фото
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Гулмурод Ҳалимов 27 май баъди як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод. Дар ин навор ӯ аз иқдомҳои ба гуфтааш зидди исломии мақомоти тоҷик интиқод карда, дар бораи як ҷаласае бо ҳузури вазири корҳои дохилӣ дар ин ниҳод суҳбат карда изҳор дошт, онҷо таъкид шудааст, ки духтарони бероҳаро ҳиҷоб пӯшонида дар телевизион намоиш бидиҳанд.

"Агар мо нисбати ҳиҷобу сатр гуфта бошем, ки як расму ойини тоҷикӣ бояд ҷорӣ шавад, бояд расму ойини миллии мо, ки аз ҳама арзиши миллии мо ба ҳисоб меравад, бояд нигоҳ дошта шавад. Мо ҳаминро гуфта бошем ва ӯ агар аз ҳамин хафа шуда бошад, акнун худатон қазоват кунед. Ба як сатру ҳиҷоб гуфтан, агар одам худаш ифротгаро шаваду зану фарзанд, падару модару хешу таборро партофта ба дигар гуруҳ рафта ҷангад, чӣ маъно дорад? Худатон баҳо диҳед, ки то чи андоза ба ақл рост меояд", — гуфт вазир.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) алайҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбати Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ "чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона" татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.

Омори ВКД, ки аз онҳо дар нишаст ёд шуд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, то имрӯз 519 шаҳрванди кишвар ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд, ки 150 каси онҳо дар ҷангҳои Сурия кушта шудаанд. Ӯ гуфт, дар шаш моҳи соли равон 35 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасди ба Сурия рафтан доштанд, ошкор кардаанд. Нуҳ нафар аз Сурия, нуҳ нафар аз Туркия, ду нафар аз Русия, як кас аз Қазоқистон ва 14 нафари дигарро дар худи Тоҷикистон муайян ва дастгир карда, пеши роҳашонро гирифтаанд, то ба ба гуруҳҳои террористӣ, экстремистӣ ба Сурия ва дигар кишварҳое, ки муноқишаҳои ҷангӣ идома доранд, нараванд.

"Ниҳоят мушкилоти зиёд аст барои баргардонидани ҷавононе, ки шомили гуруҳҳои ҷангҷӯй шудаанд. Рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва шахсоне, ки ихтиёран баргашта омадаанд ва афроде, ки дастгир шудаанд, шаҳодати онро медиҳад, ки нафарони шомилшуда ҳама пушаймонанд ва мехоҳанд баргарданд", — илова кард Раҳимзода.

91
Барчаспҳо:
пушаймонӣ, тасодуфӣ, вазир, нишасти хабарӣ, ҷанг дар Сурия, пайвастан, фирор, ДИИШ, ВКД, Рамазон Раҳимзода, Гулмурод Ҳалимов, Ироқ, Сурия, Тоҷикистон