Туркия дар бораи Сулаймон Қаюмов аз Тоҷикистон маълумот хостааст

Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали қатли Умаралӣ Қувватов омодагии худро барои кушодани ин ҷиноят ҳамаҷониба изҳор дошта буданд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи шахсияти Сулаймон Қаюмов, як шаҳрванди кишвар, ки дар куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гуруҳи 24" муттаҳам мешавад, ба Туркия маълмуот фиристодаанд.

Дар таркиби хуни Қувватов доруи равонӣ ошкор шудааст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи шанбеи 25 июл гуфт, мақомоти Туркия дар робита ба Қаюмов дархости расмӣ ироа кард.

"Мо маълумотҳоро ҷамъоварӣ карда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Туркия пешниҳод кардем", — афзуд Раҳимзода.

Аммо ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, вобаста ба қатли худи Умаралӣ Қувватов то ҳол аз ҷониби Туркия ягон дархосте нашудааст.

"Вале мо аз рӯзи аввал исрор кардем, ки барои кушодани ҷиноят омода ҳастем, ки кумак расонем, агар чизе ки аз мо вобастагӣ дорад", — гуфт вазир.

Туркия дар бораи Сулаймон Қаюмов аз Тоҷикистон маълумот хостааст

Генерал Раҳимзода мегӯяд, нисбати Сулаймон Қаюмов тафтиш идома дошта, ҳоло ягон қарори муайян қабул нашудааст.

Стамбул. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эъломи исми гумонабарони қатли Умаралӣ Қувватов дар Истамбул

Сулаймон Қаюмов, ки ӯро сокини ноҳияи Восеи Тоҷикистон медонанд, дар куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гуруҳи 24" дар Туркия муттаҳам мешавад. Бино ба иттилои расонаҳои Туркия, Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ бо зану фарзандон шоми 5 марти соли равон ба хонаи Сулаймон Қаюмов, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, ба "Гуруҳи 24" пайвастааст, меҳмонӣ меравад. Баъди истеъмоли ғизо Қувватов бо наздикон худро нороҳат эҳсос карда, ба хиёбон мебароянд, то беморхона раванд, вале ҳангоми ба берун баромадан нафаре аз пушт ба сараш бо таппонча шиллик мекунад.

Баъдан, расонаҳои туркӣ иттилоъ доданд, нафаре, ки ба сари Қувватов тир холӣ кардааст, тоҷик будааст, чун чанд калима бо забони тоҷикӣ гуфтааст.

Бар асоси иттилои расонаҳои Туркия, Сулаймон Қаюмов дар қасди заҳролуд кардан айбдор мешавад ва ҳоло дар боздошт аст. Наздикони Умаралӣ Қувватов гуфтаанд, Қаюмов ҳангоми хӯроки шом бисёр шубҳаовар рафтор мекард ва бо тахмини зиёд заҳрро ба хӯрок ӯ омехта кардааст.

Лентаи хабарҳо
0