Асъори миллии сомонӣ

Боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо сомониҳои қалбакӣ

23
(Таҷдидшуда 12:01 07.08.2015)
“Бонки миллии Тоҷикистон” баъд аз анҷоми ташхис ба хулоса расидааст, ки пулҳои азшаҳрванди Афғонистон мусодирашуда қалбакӣ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Як шаҳрванди Афғонистон мехост даҳ адад сад сомонаи қалбакӣ — дар маҷмӯъ 1000 сомониро ба Тоҷикистон интиқол бидиҳад, ки аз сӯи Хадамоти гумруки кишвар боздошт шудааст, менависад АМИТ Ховар.

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Ҷовид Абдул Вакил сокини вилояти Тахори Афғонистонро, ки мехост ин миқдор сомониро ба Тоҷикистон ворид кунад, боздошт кардаанд.

"Пулҳои мусодирашударо Бонки миллӣ аз ташхис гузаронида ва таъйид кардааст, ки онҳо қалбакӣ ҳастанд", — бо такя ба хадамоти гумрук менависад Ховар.

"Ин пулҳо барои ба коғази пули аслӣ шабеҳ шуданашон бо моддаи кимёвӣ номаълум коркард шуданд, ки  дар зери таъсири нурҳои ултурабунафши офтоб ҷило намедиҳанд. Ҳамчунин дар паси пул ҳангоми ламс  кардан дуруштии тури дастгоҳи чопӣ эҳсос нашуда, аломатҳои обӣ бо тарзи кашидани расм ё ёрии тамға тақлид карда шудааст, ки дар фарқият камранг буда, бисёр хира менамоянд", — иттилоъ додааст хадамоти гумрук.

Феълан, аз рӯи ин ҳодиса дар қиболи шаҳрванди Афғонистон Ҷовид Абдул Вакил парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

23
Барчаспҳо:
ҳазор сомонӣ, пулҳои қалбакӣ, боздошт, хадамоти гумрук, Ҷовид Абдул Вакил, Хатлон, Афғонистон