Муҳаммадрӯзӣ Искандаров: ҲНИТ шонси боқӣ монданро аз даст додааст

© Sputnik / Амир ИсаевҚароргоҳ (дафтари марказӣ)-и ҲНИТ дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Қароргоҳ (дафтари марказӣ)-и ҲНИТ дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ раиси ҲДТ, ки алъон дар маҳбас ба сар мебарад андешаҳояшро дар мавриди азҳоби сиёсии Тоҷикисттн, иштибоҳоти мухолифини тоҷик ва сиёсати замони қабл баён дошт.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ба назари раҳбари пешини демократҳои Тоҷикистон ва собиқ фармондеҳи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки ҳоло дар зиндон аст, Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) шонси боқӣ мондан ва ё фаъолият карданашро аз даст додааст, менависад Радиои Озодӣ.

"ҲНИТ имкониятҳояшро аз даст додааст ва бо иштибоҳҳое, ки пайиҳам кард, имрӯз ба ин шароит рӯ ба рӯ шудааст. Сарнавишти ин ташкилоти сиёсӣ мисли тақдири демократҳои солҳои 90-уми асри гузашта хоҳад шуд ва дигар аз хориҷи кишвар назару мавқеъҳояшонро изҳор медоранд ва муроҷиатнома ё изҳорот пахш мекунанду бас", — иброз доштааст вай аснои мусоҳиба бо Озодӣ.

Анҷумани ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Истамбул мавзӯъи таҷдиди ҳизбро матраҳ кард

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, ки иштибоҳи асосии ҳизби ӯ (ҲДТ- шарҳ аз идора) рафтанаш аз пушти Ҳизби наҳзати исломӣ дар талотумҳои солҳои 90-уми асри гузашта буд.

"Хатогии аслии мо демократҳо низ аз ин шурӯъ шуд, ки ҳамроҳи наҳзатиҳо рафтем. Наҳзатиҳо одамоне мисли моро қабул надоштанд. Онҳо ба афроде такя мекарданд, ки назару мавқеашон комилан ба кунҷи рост ё чап буд. Одамони бо назари миёнаро қабул надоранд",- қайд кардааст ӯ.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, баъд аз имзои созишномаи сулҳи соли 1997 бар асоси саҳмияи 30 дарсадии мухолифин ибтидо раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва баъди ба ин мақом таъин шудани Мирзо Зиёев раиси ширкати давлатии "Тоҷиккоммунсервис" таъин шуд.

Пас аз ислоҳоти сохтории ин ширкат то соли 2003 раҳбари КВД "Тоҷикгаз" буд. Ӯ соли 2003 ба Маскав фирор кард, вале соле баъд ӯро дастгир карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар соли 2005 ба 23 соли зиндон маҳкум кард ва ҳоло то анҷоми ҳукмаш 10 соли дигар мондааст.  

 

Лентаи хабарҳо
0