Аломати роҳ, дурбинҳои назоратӣ ва чароғак. Акс аз бойгонӣ

Ронандаҳои “фирорӣ” тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” муайян шуданд

11
(Таҷдидшуда 09:07 18.08.2015)
Ронандаҳое, ки ба содир кардани ин ҳодисаҳо гумонбар дониста мешаванд, ба воситаи наворҳои “Шаҳри бехатар” муайян ва боздошт карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар пойтахти кишвар ду ронандаеро боздошт карданд, ки бо нақлиёти шахсиашон пиёдагардҳоро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор намудаанд, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ,ин ҳодисаҳо рӯзи якшанбеи 16 август дар Душанбе иттифоқ уфтодаанд.

"Дар гузаргоҳи пиёдагарди чорроҳаи Н.Қарабоев-Абай соати 08:42 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната»  пиёдагард, зани 41-солаи сокини шаҳри Кӯлобро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст". Бар асари садама, пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, бемористон бистарӣ шудааст.

Инчунин, дар ҳамин рӯз "дар чорроҳаи Н.Қарабоев-Шестопалов соати 23:34 дақиқа ронандаи автомашинаи «Опел-Астра»  пиёдагард, марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.

"Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад",- омадааст дар хабар.

Ронандаҳое, ки ба содир кардани ин ҳодисаҳо гумонбар дониста мешаванд, ба воситаи наворҳои "Шаҳри бехатар" муайян ва боздошт карда шуданд.  

11
Барчаспҳо:
сабти наворҳо, дурбинҳои назоратии пойтахт, ронандаҳои фирорӣ боздошт шуданд, "Шаҳри бехатар", ВКД ҶТ, Кӯлоб, Душанбе, Тоҷикистон