Занозанӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Шуғнон бозии футбол ба задухӯрди шадид бадал шуд

11
Афроде, ки дар ин задухурд даст доштаанд, ҳоло боздошт шуда, тафтиши қазия аз сӯи шӯъбаи корҳои дохилӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Баъди як сабқати футбол дар ноҳияи Шуғнон, чор нафар боздошт шуда, як нафар бо ҳолати сангин ба бемористон интиқол ёфт, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар миёни сокинони деҳаҳои Пиш ва Гожаки ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон баъди як бозии футболи шоми 19 август моҷаро бархост ва тарафдорони дастаҳо ба якдигар дарафтоданд. Дар натиҷа, чанд нафар бар асари зарби санг захм бардошта ва як корманди зиддисӯхтори ноҳия — Анваршоҳ Шоҳлангаров бистарӣ шудааст. Ҳолати ӯ сангин арзёбӣ мешавад. Шоҳлангаров ҳамчунин раиси деҳаи Ғожаки ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон будааст.

Сокинони маҳаллӣ ба Озодӣ гуфтаанд, Шоҳлангарон дар гузашта ҳам дар як чунин задухӯрди ҷавонҳои маҳаллӣ миёнаравӣ карда, шадидан лат хӯрдааст. Ҳоло Шоҳлангарон дар бемористони вилоятии Хоруғ бистарӣ шудааст.

Дар бораи сар задани моҷаро дар миёни мухлис ва бозигарони футбол дар Шуғнон 20 август ба Озодӣ капитан Назрибек Раҷаббеков, корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия хабар додааст. Вай афзудааст, занозанӣ тақрибан соатҳои 16:00 рӯзи чоршанбе рух дод ва сабаби аслии он ноқаноатмандӣ аз натиҷаи бозӣ будааст. Вақте як даста ғолиб омада, дигараш мағлуб шудааст, ҷониби бохта ба нафарони пирӯз дарафтоданд.

Ҷавонони 19 то 23-солаи сокини деҳоти Пиш ва Гожак, ки дар бозӣ иштирок мекарданд, ба занозанӣ пардохта, баъдан ба онҳо мухлисону тамошобинон ҳам ҳамроҳ шуданд. Ҳарду ҷониб аз сангу чӯб истифода кардаанд.

Шӯъбаи корҳои дохилии Шуғнон мегӯяд, додситонии ноҳия аз рӯи ин моҷаро парванда боз карда тафтиши муқаддамотиро шурӯъ кардааст. Чаҳор ҷавоне, ки сабаби аслии муноқиша шуданд, боздошт шуда дар ШКД нигоҳдорӣ мешаванд.

11
Барчаспҳо:
таҳқиқ, боздошт, мухтисон, занозанӣ, футбол, Анваршоҳ Шоҳлангаров, Бадахшон, Шуғнон