Корд

Бо корд захмӣ шудани як ҷавони 25-сола дар пойтахти Тоҷикистон

10
(Таҷдидшуда 11:42 24.08.2015)
Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти чор ҷавоне дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ки дар халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешаванд.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Рӯзи 22 август дар боғи "Дӯстии халқҳо" сокинои 25-солаи шаҳри Душанбе мавриди латукӯби чор нафар қарор гирифта, сипас онҳо ҷабрдидаро бо корд захмӣ кардаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати умури дохила.

Ба қавли манбаъ, дар гулбоғи бо номи "Абулқосим Фирдавсӣ"-и шаҳри Душанбе ҷавони 24-сола, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон судшудааст, ҳамроҳ бо се нафари дигар — ҷавонони 30 ва 22-сола ва ноболиғи 16-сола, "тартиботи ҷаъмиятиро вайрон намуда, ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда, ба қафаси синааш 1 маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд".

Ҷабрдида зарари ҷисмонӣ бардошта, айни ҳол дар беморхона таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.

Нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

10
Барчаспҳо:
ҷароҳат бардоштани ҷавони 25-сола, кордзанӣ дар пойтахт, бо корд, боғи "Дӯстии халқҳо", Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Зафаробод шавҳар хонумашро ҳафт корд зад
Опустевшие дороги в городе Душанбе

Раёсати ВКД дар Душанбе: "Баҳриддинро облава набурдааст, ӯ талбандагӣ мекард"

256
(Таҷдидшуда 14:15 08.10.2020)
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вокунише нашр карда аз мардум хоҳиш кардааст, ки ҳар амали кормандони мақомоти қудратиро ба "Облава" рабт надиҳанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди милитсия инъикос ёфтааст.

Манбаъ афзудааст, ки муаллифи навор ҳодисаи мазкурро "ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)" шарҳ дода, баъдан ба як қатор расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.

Навори мазкур баъди паҳн гардидан дар шабакаҳои интернетӣ мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Вобаста ба аз байн бурдани нофаҳмии бавуҷудомада ва муайян намудани ҳолати воқеӣ дар асоси супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шахсияти ҳамаи иштирокдорони навор, аз ҷумла кормандони милитсия, ҷавонмарду ҷавонзани дар навор инъикосгардида ва муаллифи навор муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.

"Зимни санҷиш муайян карда шуда, ки онҳо: Пардаев Бадриддин Искандарович санаи таваллудаш 11.09.1993, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва ҳамсараш Халосова Озода Шамсиддиновна санаи таваллудаш 26.09.1995 сокини суроғаи болозикргардида мебошанд", - омадаатс дар хабарнома.

Ба иттилои онҳо, рӯзи  30 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шуданашон ба талбандагӣ кормандони милитсия ҳозир шуда, хостанд аз роҳи мошингард ҷавони талбанда Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд.

Ин ҳодисаро ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус RX рақами қайди давлатиаш 9345 ЕМ01 шаҳрванд Латипов Насимҷон Ҳақдодович соли таваллудаш 11.01.1994 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ҷомӣ тавассути телефони мобилиаш сабт намуда, бо гузашти 6-7 рӯз навори мазкурро носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун "ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)" бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст.

ВКД мегӯяд, худи шаҳрванд Латипов Насимҷон ҳодиса санаи 30 сентбяр рух дода буд, ки ҳатто дар ин руз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз нагардида, муаллифи навор дидаю дониста ин хабари бардуруғро ҳамчун ҳодисаи "облава" паҳн намудааст.

Раҳмон дар бораи "облава": қонуншикании ҷиддист, ҳатто беморонро мебаранд

"Ҷои нигаронист, ки як қатор расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳолати корро ба таври пурра дарк ва дуруст ташхис накарда, якҷониба ба таври худ ин ҳодисаро низ ҳамчун ҳодисаи "облава" инъикос намуданд, ки ин амали рузноманигорон хилофи этика ва меъёрҳои журналистӣ аст".

Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодаш шаҳрванд Пардаев Бадриддин аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин соҳиби 3 фарзанд мебошад ва ҳодисаи мазкур ба "облава" ягон рабт надорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки кормандони милитсия ӯҳдадоранд ҳар як ҳолати вайроннамоии қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо дуд додани испанд, ба фурӯш баровардани ҳар гуна маводҳои кӯдакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбаташон чораандешӣ намоянд.

256
Барчаспҳо:
ВКД, ВКД, "облава", Душанбе
Прокуратураи вилояти Суғд

Прокурори Суғд гуфт, баъзе мансабдорон дар замони COVID-19 даст ба қонуншиканӣ задаанд

1074
(Таҷдидшуда 16:57 06.10.2020)
Прокурори вилояти Суғд - Ҳабибулло Воҳидов вазъи санҷиши соҳаи ҳифзи аҳолӣ дар замони ҳамагирии COVID-19 ро шаҳр дод

ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Ӯ гуфт, ки дар ин давра ҳолатҳои ба муомилот баровардани дорувории пастсифати кӯҳнашуда, номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ ва азонихудкунии маблағҳои буҷҷавӣ ошкор карда шудааст.

Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод гуфт, дар пайи санҷишҳои прокурорӣ давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 1600 дорувории кӯҳнашуда ва беш аз 2760 номгӯи маводи тиббӣ бе доштани сертификат аз дорухонаҳо боз дошта шуда, нисбати 138 нафар қонунвайронкунандаҳо парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Прокурори вилоят дар ҷараёни ҷаласае, ки дирӯз вазъи риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ баррасӣ мешуд, таъкид намуд, ки дар ин самт як қатор қонунвайронкуниҳо аз ҷониби ашхоси мансабдор ба қайд гирифта шудааст.

"Дар рафти санҷишҳои риояи вазъи қонунгузории соҳаи беҳдоштӣ, ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, санитарию эпидемиологӣ, ба муомилот баровардани дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ба қайдгирии давлатии маводи доруворӣ, номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ, азонихудкунии маблағҳои буҷҷавӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд", - иттилоъ дод Воҳидов.

Прокурори Суғд иброз намуд, ки дар натиҷаи ошкоршавии инчунин ҳолатҳо 163 адад санадҳои беэътиноӣ бароварда шуда, 230 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбати 33 нафар парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар умум ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд 8215 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст.

1074
Барчаспҳо:
мансабдорон, прокурор, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия