Бинои додгоҳи Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ

Аризаи шикоятии Гулмуродзода дар додгоҳи Душанбе қабул шуд

144
(Таҷдидшуда 09:44 28.08.2015)
Аминҷон Гулмуродзода, муҳаррири бахши русии сомонаи “Фараж” бо ҷурми тақаллуби аснод аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе барои ду сол равонаи зиндон шуда буд.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷикро, ки ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ду сол равонаи зиндон шуд, қабул намудааст, менависад ОИ "Озодагон".

Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Гулмуродзода корманди ин марказ буд, ба хабаргузорӣ гуфтааст, дар аризаи шикоятӣ омадааст, ки парванда ғайримунсифона ва ғайриобъективона баҳо дода шудааст ва Додгоҳи шаҳри Душанбе ба ин масъала расидагӣ кунад.

Ҷаноби Атовулло афзудааст, бо пешниҳоди арзизаи кассатсионӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаанд, далелҳои пешниҳоднамудаи вакили мудофеи Аминҷон Гулмурозода дар мурофиаҳои додгоҳии Суди Исмоили Сомонӣ, ки бегуноҳии ӯро исбот мекард, ба инобат гирифта нашудаанд.

Аз ин пеш ҳамсари Гулмуродзода дар номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияи шавҳараш шуда буд.

Рӯзи 18 август Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сомонаи русии www.faraj.com.tj-ро ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Исозода Хуршед Искандар, додраси мурофиа Гулмуродзодаро дар асоси модаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — тақаллуби ҳуҷҷат муҷрим шинохта, ӯро барои ду сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кард. Гулмуродзода баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳасб гирфта шуд.

Гулмуродзода дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 1989, вақте ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, марҳум — Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишот, тақаллубӣ мебошад. Ба иддаои мақомот, Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шуда, онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Гулмуродзода моҳи апрели соли равон аз сӯи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, моҳи июл, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристодааст.

144
Барчаспҳо:
норозигӣ, шикояти кассатсионӣ, баррасӣ, додгоҳи шаҳри Душанбе, суди Исмоили Сомонӣ, Аминҷон Гулмуродзода, Душанбе