Халтаҳои мусодирашудаи маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Халтаҳои сеҳрнок: мусодираи беш аз 70 кг нашъа дар Душанбе

10
(Таҷдидшуда 22:11 12.10.2015)
Моҳи августи соли равон шаҳрванди Афғонистон маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол дода, дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба яке аз ин шаҳрвандони кишвар супоридааст.

Душанбе, 9 окт — Sputnik. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе махфигоҳеро ошкор кардаанд, ки дар он 71 кг 656 грам ҳашиш нигаҳдорӣ мешуд.

"73 бастаи скотчпеч бо маводи ҷигариранги бӯи махсус дошта дар дохили 7 халта ошкор гардид, ки мутобиқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи ошкоршуда ҳашиш буда, вазни он 71 кг 656 граммро ташкил медиҳад", — навиштааст, сомонаи агентӣ.

Тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки шаҳрванди Афғонистон бо мақсади интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо се нафар шаҳрвандони кишвар маслиҳати пешакии ҷиноӣ намудааст.

Моҳи августи соли равон шаҳрванди Афғонистон маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол дода, дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба яке аз ин шаҳрвандон супоридааст.

"Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, муваққатан бекор дастгир гардиданд. Барои дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷиноятпеша чораҳои зарурӣ андешида шудаанд",- меафзояд манбаъ.

Сомонаи Агентии назорати маводи нашъваори кишвар илова кардаааст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 

10
Барчаспҳо:
нашъа, қочоқ, ҳашиш, Афғонистон, Тоҷикистон, Душанбе, боздошти қочоқбарон, маводи мухаддира, Ҳамадонӣ, Афғонистон, Душанбе, Тоҷикистон