Боздошти таққалубкор бо 95 ҳазор рубл дар шимоли кишвар

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкСанҷиши рубл. Акс аз бойгонӣ
Санҷиши рубл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин марди 26-сола 27 октябри соли равон пулҳои қалбакиро ба саррофии филиали “Амонатбонк” дар шаҳри Чкалов супоридааст.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми ба муомилот баровардани 95 ҳазор рубли қалбакии русӣ (наздик ба 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ) боздошт шудааст, менависад сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Шуъбаи бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифшои рублҳои қалбакӣ дар бозори нақди Тоҷикистон

Тибқи иттилои манбаъ, ин марди 26-сола 27 октябри соли равон пулҳои қалбакиро ба саррофии филиали "Амонатбонк" дар шаҳри Чкалов супоридааст.

"Тибқи маълумотномаи шӯъбаи ташхисӣ, асъори коғазии мазкур бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр карда шуда, қалбакӣ мебошанд", — меафзояд, манбаъ.

Ҳоло алайҳи ин сокини шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0