Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: табибон марги Умаралиро “вируси шадиди респираторӣ” мегӯянд

18
(Таҷдидшуда 16:05 28.10.2015)
Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои консулгарии Русия дар Ню-Йорки ИМА бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ аз раиси ҷумҳур Русия хостаанд, шахсан ба ин қазия расидагӣ кунад.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълом кард, ки бинобар "бозтоби калони ҷамъиятӣ" гирифтани қазияи марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа дар Санкт-Петербург дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Русия таҳқиқи қазияро идома медиҳад.

Ҳамзамон, дар иттилоъияи ин мақомот, ки имрӯз ба нашр расид, сабаби марги тифли тоҷикистонӣ бар пояи ташхиси табибони рус "вируси шадиди респираторӣ" унвон шудааст.

"Умаралӣ Назаров 13 октябри соли ҷорӣ, соати 14:15, аз шӯъбаи пулиси РВКД Русия дар ноҳияи Адмиралтейскии шаҳри Санкт-Петербург ба Маркази тиббӣ ва эҳёгарии иҷтимоии кӯдакони ба номи В.В.Симбалина фиристода шуда, 14 октябр, соати 00:30, аз рӯи хулосаи тиббӣ аз вируси шадиди респиратории сироятӣ фавтидааст",- омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии ВКД,  дар ҳоли ҳозир Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба марги Умаралӣ Назаров бар асоси қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия, моддаҳои 140, 145 ва 146 (147) ва қисми якуми моддаи 156-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Русия парванда боз карда, тафтишотро идома медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 27 октябр теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои консулгарии Русия дар Ню-Йорки Амрико бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ аз раиси ҷумҳур Русия Владимир Путин хостаанд, шахсан ба ин қазия расидагӣ кунад. Дар аксу наворҳое, ки аз ин ҳамоиш бардошта шудааст, дида мешавад як гурӯҳ асосан ҷавонон дар даст навиштаҳои "Адолат мехоҳем", "Адолат барои Умар" ва "Ҳамаи мо Умар ҳастем"-ро доранд.

Ин гурӯҳи эътирозгарон мегӯянд, ҳарчанд ба наздашон касе аз намояндагони консулгарии Русия дар Ню-Йорк набаромад, вале онҳо дар баёнияи расмии худ гуфтаанд, ки ҷудо кардани тифли панҷмоҳа аз модараш кори ғайриқобили қабул ва ғайриқонунӣ буд ва бояд омилони марги ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Маврид ба ёдоварист, тифли панҷмоҳаи тоҷик- Умаралӣ Назаров рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ, баъд аз боздошти модараш Заррина Юнусова бо иттиҳоми нақзи муқаррароти буду бош даргузашт. Ин ҳодиса вокуниши  ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҳам Русияро ба бор овард.

Зимнан, пулиси Санкт-Петербург, ки гунаҳкор будани кормандонашро дар марги Умаралии панҷмоҳа рад карда буд, порае аз сабти дурбини назоратиро дар ихтиёри ВАО гузоштааст, ки дар он ба қавли кормандони мақомот аз Умаралӣ хуб нигоҳубин шудааст.

Гуфта мешавад, дар навор кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик- Умаралӣ қабл аз маргаш аст.

 



Кулли матолиби марбут ба қазияи марги Умаралӣ Назаровро бо ангушт задан аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед>>

18
Барчаспҳо:
қазияи пурсарусадо, вокуниши шадид, ҳалокати тифли панҷмоҳа, марги Умаралии панҷмоҳа, муҳоҷират, пулиси Санкт-Петербург, ВКД ФР, ВКД, Умар Назаров, Умаралӣ Назаров, Заррина Юнусова, вилояти Маскав, Санкт-Петербург, Ню-Йорк, Русия
Мавзуҳо:
Вокуниши шадиди ҷомеъа ба марги Умаралии панҷмоҳа дар Санкт-Петербург (15)
Арест, архивное фото

Миёнарави фиребгар: боркаши "Рено"-ро фурӯхт ва 160 ҳазор сомониро ба соҳибаш надод

122
(Таҷдидшуда 15:09 02.07.2020)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 38-солаи шаҳри Хуҷанд ба гумони қаллобӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 6-уми сентиябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи боркашии тамғаи “Рено”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ барои фурӯш гирифтааст.

Ожонси зидди фасод раиси хоҷагии деҳқониеро барои заминфурӯшӣ боздошт кард

ВКД дар идома ин қазия мегӯяд, марди қаллоб маблағҳои бадастовардаашро ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст.

Манбаъ афзуда, кинНисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

122
Барчаспҳо:
ВКД, қаллоб, боздошт, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти марде, ки духтари ҷавонро таҳқир кард - акс

685
(Таҷдидшуда 16:32 14.06.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти марди бадрафтор ва ҳақорачтӣ хабар додааст, ки чанд рӯз боз навори бадгӯияш дар интернет паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин мард дар паи шикояти духтари ҷавоне боздошт шудааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҷавонзани сокини ноҳияи Синои пойтахт бо ирсоли навори дағалгуфтории марди тақрибан 45-50 сола аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Навори мазкур дар сомонаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифтааст.

Пеши роҳашро гирифту ишораи таҳқиромез кард: шикояти духтари ҷавон ва муҷозоти ронанда

Муроҷиати мазкур таҳти баррасии фаврии милитсияи пойтахт қарор гирифта, шахсият ва сабаби сар задани ҳодисаи мазкур муайяну ошкор карда шуд.

"Зимни баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович соли таваллудаш 16.10.1975. сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Клара Сеткина бинои 12 мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои РВКД, дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва ҷабрдида муайян карда шуд, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда зимни партофтани партов воқеъ дар кӯчаи К. Сеткина, партови худро дар ҷойи муқарарнагардида гузоштааст, ки боиси эрод ва дашному ҳақорати ин мард гардидааст.

Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович
Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович

 

Ҳамзамон маълум карда шуд, ки марди дастгиршуда, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, масъул ва назораткунандаи партовгоҳи кӯчаи мазкур будааст.

Манбаъ афзуда, ки феълан нисбати номбурда барои содир намудани кирдорҳои майдаавбошона протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

685
Барчаспҳо:
таҳқиромез, таҳқир, боздошт, Душанбе
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода

Ҷалби қариб ним миллиард қарзу грант барои бунёди 68 мактаб дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 14:13 05.07.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзию грантиро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он бунёди 68 мактаб ва 5 бинои маъмурии бахши маориф дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, қарзу гранти мазкур барои татбиқи “Стратегияи миллии рушди маориф” равона мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ дар доираи лоиҳа,  равона намудани 46 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 30 миллион доллар қарзи Бонки исломии рушд, 10 миллион доллар доллари амрикоӣ гранти Ташкилоти ҳамкории глобалӣ дар соҳаи маориф ва 6 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Қарз бо чӣ шарт гирифта шуду мактабҳоро дар куҷо месозанд?

Вазири молия афзуд, қарз аз ду сарчашма, маблағҳои қарзии Бонки исломии рушд ба муддати 25 сол, аз ҷумла 7 соли имтиёзӣ бо меъёри хизматрасонии 1,5 фоизи солона ва маблағҳои Фонди ҳамбастагии исломӣ оид ба рушд ба муддати 30 сол, аз ҷумла 10 соли имтиёзӣ бо меъёри хизматрасонии 0,75 фоизи солона дода мешавад.

“Дар доираи лоиҳа сохта ва ба истифода додани 68 мактаб ва 5 бинои маъмурӣ дар соҳаи маориф дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ва дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Данғара, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Дӯстӣ, Хуросон ва Вахш пешбинӣ шудааст”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода.

Манбаъ таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
грант, қарз, Тоҷикистон