Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: ба онҳое, ки қотилонро пайдо мекунанд $10000 дода мешавад

18
(Таҷдидшуда 13:21 09.11.2015)
ВКД-и Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино даҳ ҳазор доллар мукофот медиҳад.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. ВКД-и Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, майор Пӯлод Мирзоев ва прапоршик Ҳамза Насибов 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот эълон кардааст.

Вазорати умури дохилаи кишвар имрӯз, 9 ноябр, навори видеоиро аз дурбинҳои назоратӣ дар саҳифаи Ютуб нашр кард, ки ба назар мерасад дар он яке аз ҳамлагарони эҳтимолӣ сабт шудааст.

"Касоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ медиҳанд, 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд. Оиди шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад", — менависад сомонаи ВКД.

Маврид ба тазаккур аст, ки субҳи рӯзи шанбеи 7-ноябр бар асари ҳамлаи шахсони номаълум ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт, майор Пӯлод Мирзоев ва прапоршик Ҳамза Насибов ба ҳалокат расида, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев ва ронандаи комиссарияти мазкур Рустам Саъдуллоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

18
Барчаспҳо:
ВКД-и Тоҷикистон, корд, ҳалокат, куштор, ВКД-и Тоҷикистон, комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, Темурхон Эгамбердиев, Пӯлод Мирзоев, Ҳамза Насибов, Рустам Саъдуллоев, ноҳияи Сино, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Кӯлоб як ронанда нозири БДА-ро бо корд захмӣ кард
Руки в наручниках, архивное фото

Корманди қалбакии Ожонси зидди фасод ба даст афтод: ӯ аз кормандони БДА маблағ меситонд

1219
Масъулони Идораи мубориза бо фасод дар вилояти Суғд аз ифтитоҳи парванда алайҳи як сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки худро корманди ин ниҳоди давлатӣ муаррифӣ карда, аз кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) маблағ меситонидааст

ДУШАНБЕ, 3 август – Sputnik. Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле нисбати Анвархӯҷа Нуриддинов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки номбурда худро корманди идораи мубориза ба коррупсия хонда, бо ҳар баҳона ба тасарруфи маблағи кормандони БДА вилояти Суғд машғул шудааст.

"Бино бар чунин кирдораш нисбати Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович бо аломати моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а” ва “в” парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст”, - гуфт сардори Раёсат.

Ба иттилоъи манбаъ, Нуриддинов Анвархӯҷа, сокини шаҳри Хуҷанд буда, феълан дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Номбурда бо истифода аз телефони мобилӣ, худро ҳамчун корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз кормандони БДА маблағ меситонидааст.

Масъулони Раёсати мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки ба ҷуз ин, як ҳолати дигари қаллобии сокини ноҳияи Айниро ошкор намудаанд, ки худро корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул талаб намудааст.

"Забирхон Ҳамзазода, сокини ноҳияи Айнӣ буда, расман дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Аммо ин шахс, худро ҳамчун корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ карда, барои гуё тезтар ҳал карда додани маблағи кредит аз як сокини Хуҷанд 4 ҳазор сомонӣ талаб намуда, қисме аз ин маблағро гирифтааст”, - гуфт Аваззода.

Зимнан нисбати ин сокини ноҳияи Айнӣ дар ду ҳолат бо моддаи моддаи 247 қисми 2 банди “в” (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва тафтиши пешакӣ давом дорад.

Ба суол дар бораи ин, ки чаро баъзеҳо аз номи “корманд” - и идораҳои давлатӣ даст ба қаллобӣ мезананд?, "ин ба табиати инсонҳо вобаста аст ва баъзеҳо воқеан ба дуруғгӯиву дуруғмақомдорӣ одат кардаанд. Аммо умри дурӯғ кутоҳ аст ва як рӯз не як рӯз ифшо мешавад. Инсонҳо бояд дар касбу кори худ ростгуй ва дасту дили пок дошта бошанд”, - посух дод Шараф Аваззода.

1219
Барчаспҳо:
БДА, корманд, коррупсия, Тоҷикистон
Молоток судьи, архивное фото

“Махфӣ нест”: тафсилоти нави парвандаи “Бародарони мусалмон”

426
Суди Олии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи 103 “ихвоние”, ки дар ҳоли баррасӣ аст, махфӣ намебошад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, парвандаи аъзои созмони “Бародарони мусулмон”, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, махфӣ нест.

"Дар ин парванда 103 нафар ҳамчун судшаванда мегузаранд. Азбаски имконияти 103 нафар судшавандаро ба толори судии Суди Олӣ оварда, баррасӣ кардани парвандаи онҳо хеле кори сангин аст, зарур дониста шуд ин баррасиҳои судӣ дар муассисаҳои маҳрумӣ аз озодӣ гузаронида шаванд”, - гуфт Шавкат Лутфуллозода.

Дар таъйиди суханони ӯ Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон гуфт, агар ба шакли махфӣ набошад, маълумот омода намуда, онро дар сомонаи Суди Олӣ ҷой хоҳанд кард ва дар нишасти матбуотии оянда ҳатман маълумоти пурра хоҳанд дод.

Бино ба иттилои Суди Олӣ, аъзои созмони “Бародарони мусулмон” аз рӯи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла 187, қисми 1 – “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (аз 15 то 20 сол), 307 – 1 – “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (аз 2 то 5 сол), 307 – 2 – “ташкили иттиҳоди экстремистӣ (аз 8 то 12), 307 – 3 – “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” (аз 5 то 8 сол), 107 – “дузанагӣ” (як ҳазор нишондиҳанда ё 2 соли корҳои ислоҳӣ) ва 347 – “хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он” (аз 500 то 1000 нишондиҳанда) муттаҳам мешаванд.

14 июл Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш эълон карда буд, ки парвандаи 132 узви созмони “Бародарони мусулмон” (“Ихвон – ул – муслимин”, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба додгоҳ ирсол шудааст ва 73 нафари дигар, ки аз тафтишот пинҳон шудаанд, дар кофтуков қарор доранд.

426
Барчаспҳо:
Шермуҳаммади Шоҳиён, Бародарони мусалмон, парванда, Тоҷикистон
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Аз боздошти ронандаҳои маст то афзоиши садамаҳои ҳалокатовар дар Суғд

0
(Таҷдидшуда 17:18 03.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд омори қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаҳои маст ва шумори садамаҳои ҳалокатбор дар роҳ давоми шаш моҳи охирро шарҳ дод

ДУШАНЕБ, 23 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дафтари матбуоти РВКД вилояти Суғд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳолати рондани воситани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шудааст.

“Аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 301, идораи воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ 227, идораи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозат 182, идораи воситаи нақлиёт бо аломати қайди давлатии бегона 47 ҳолат ошкор карда шуда, дар умум ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 9 милиону 17 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ 183 ҳазору 833 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ин рақам ҳарчанд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 26, 3 ҳазор ё 12, 5 % кам аст, вале рухдоди садамаҳои ҳалокатовар ба 40 маврид ё 5, 3 % ва шумори шахсони ҳалокшуда ба 58 нафар расидааст, ки ин ба андозаи 20, 8 % зиёд шудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

РВКД дар Суғд мегуяд, садамаҳои ҳалокатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳристон бештар қайд гирифта шудааст.

0