Боздошт

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми “ифротгароӣ” дар ФР

11
(Таҷдидшуда 08:50 10.11.2015)
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки мудати тулонӣ дар ҷустутҷӯи байналмиллалӣ қарор дошт, аз ҷониби мақомоти пулиси Руссия дастгир гардид.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Аз ҷониби пулис ва Хадамоти амнияти федералии Русия, бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии «Толибон» Аслиддин Нуров, як шаҳрванди Тоҷикистон дастгир гардид, иброз дошт Валерий Горелих, масъули Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Свердловск.

"Мақомоти корҳои дохилии вилояти Свердловск аз як манзили иҷора дар кӯчаи Вилгелм де Геннинаи шаҳри Екатеринбург Аслиддин Нуров, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро бо дархости мақомоти тоҷик боздошт намуданд",-афзуд оқои Горелих.

Ба иттилои ВКД-и Русия Аслиддин Нуров, дар узвият ба созмони террористии "Толибон" муттаҳам мебошад. Масъулини мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, Нуров аз соли 2010 дар амалиёти ҷангии Толибон дар марзи Афғонистону Покистон иштирок доштаст.

Ба шаҳри Екатеринбург Нуров бо ҳавопаймо омада, дар як манзили иҷора зиндагӣ мекард ва дар онҷо боздошт шуд. Дар ҷараёни амалиёт аз ҷои иқомати Аслиддин Нуров китобҳои динӣ бо забони хориҷӣ мусодира гардидаанд, ки феълан барои таҳқиқ дар маркази мубориза алайҳи терроризми Хадамоти амнияти федеролии Русия қарор доранд.

Ба иттилои пулиси Екатерингбург, айни ҳол масъалаи истирдоди Аслиддин Нуров ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

11
Барчаспҳо:
ВКД-и Руссия, боздошт, Интерпол, Валерий Горелих, Аслиддин Нуров, Свердловск, Екатеринбург, Русия
Мавзуъ
Дар Маскав тоҷикистониеро боздошт карданд, ки Интерпол ӯро мекофт