Боздоштгоҳи муваққати №1 дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Иван Шербаковро ба СИЗО-и №1-и Душанбе интиқол доданд

23
(Таҷдидшуда 15:07 12.11.2015)
Афсари пойгоҳи 201-уми Русия, лейтенанти калон Иван Шербаков ба СИЗО-и №1-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Лейтенанти калони пойгоҳи 201-и Русия Иван Шербаков, ки ба қатли Шоира Ҷобирова, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад, ба боздоштгоҳи №1-и Муассисаи ислоҳии Вазорати адлия дар Душанбе интиқол ёфтааст.

Тибқи иттилои расида, Иван Шербаков бо қарори ҳалномаи додгоҳи 109-уми пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, бар асоси ин ҳалнома ӯ то анҷоми тафтиши қатли Шоира Ҷобирова аз 11 ноябри соли ҷорӣ то 9 январи соли 2016, дар боздоштгоҳи №1 нигоҳдорӣ мешавад.

Ҷасади Шоира Ҷобирова, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, ки дар қатли ӯ Иван Шербаков гумонбар аст, 11 ноябр ба наздиконаш супорида шуд.

Маросими ҷанозаи Шоира Ҷобирова рӯзи чоршанбе дар деҳаи Кампирқалъаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд. Ба иттилоъи наздиконаш, Шоира ҳамроҳи волидонаш дар маҳаллаи 102-юми ноҳияи Синои пойтахт дар хонаи иҷора ба сар мебурд.

Рӯзи гузашта намояндагони сардхона гуфтанд, ки дар бадани мақтул изи лату кӯб мушоҳида шудааст, аммо то ҳол маълумоти расмӣ дар мавриди марги духтари 22-сола эълон нашудааст.

Таҳқиқи ҳодисаи мазкурро мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия идома медиҳанд ва парвандаи Иван Шербаков тибқи Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ хоҳад шуд.

23
Барчаспҳо:
қатл, таҳқиқ, тафтишот, ҷасад, ҷаноза, Иван Шербаков, Шоира Ҷобирова, боздоштгоҳи №1, Тоҷикистон
Мавзуъ
Нотаи ВКХ ҶТ дар робита ба марги духтари 22- сола дар пойгоҳи 201