Доллар. Акс аз бойгонӣ

ВКД: ду ҳолати дуздӣ дар шимолу ҷануби кишвар ошкор гардид

19
(Таҷдидшуда 10:06 13.11.2015)
Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҷануб ва шимолӣ кишвар ду ҳодисаи дуздиро ошкор карда, гумонбаронро боздошт намудааст.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд донишҷӯи 17- сола бо гумони дуздӣ ба маблағи 3900 доллари амрикоӣ дастгир шудааст, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохилӣ.

Ба навишати сомонаи ин ниҳод, рӯзи сешанбеи гузашта донишҷӯи 17- солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи пинҳонӣ оинаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-ро ки ба марди 25- сола тааллуқ дошт, шикаста аз дохили он 3900 долларро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Инчунин, санаи 10 ноябр шахсони номаълум аз хонаи зани 43- солаи сокини ноҳияи Фархор 3730 сомонӣ пули нақдашро дуздидаанд.

"Аснои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони дуздӣ ду ҷавон, яке 24 ва дигарӣ 27-солаи сокинони ноҳияи мазкур дастгир шуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи он зан гардида, маблағро ба яғмо бурдаанд", —афзуд манбаъ.

Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

19
Барчаспҳо:
ВКД-и Тоҷикистон, дӯздӣ, донишҷӯ, сокин, боздошт, гумонбар, ҷиноят, шаҳр, оинаи мошинро шикастанд, доллардуздӣ, дуздӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Фархор, Хуҷанд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Боздошти таққалубкор бо 95 ҳазор рубл дар шимоли кишвар