Сомонӣ

Парвандаи Фарзонаи Хуршед ба додгоҳи Шоҳмансур ирсол шуд

74
(Таҷдидшуда 11:30 26.11.2015)
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзҳои наздик парвандаи маъмурии Фарзона ва Фаридуни Хуршедро баррасӣ хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ парванда алайҳи Фариддун ва Фарзонаи Хуршед, сарояндаҳои шинохтаи тоҷик барои баргузории маросими гаҳворабандони духтарашон Закия дар тарабхона таҳия намудааст, гуфт сухангӯи ин ниҳод Афшини Муқим дар суҳбат бо Sputnik.

Ба иттилои оқои Муқим, онҳо тамоми далелҳоро ҷамъ намуда, парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба расонаҳо гуфтаанд, Фарзона ва Фаридуни Хуршед моддаи 9-и қонуни танзими ҷашну маросимҳоро нақз кардаанд. Дар ин модда гуфта шудааст, "маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд".

Зимнан, Фарзонаи Хуршед дар суҳбат бо журналистон иброз дошта буд, ки онҳо қонуни танзимро вайрон накардаанд.

"Мо 3 нафарро хатнатӯй карда, дар қаторашон Закияро низ гаҳворабандон кардем. Он ҷо асосан хатнатӯй буд, на гаҳворабандон",-афзудаст ӯ.

Маврид ба ёдоварист, соли 2013 ҳам масъулини Комиссияи танзими расму оин дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки Сурайё Қосимова — модари Фарзона ҳангоми таҷлил аз 55-солагияш қонун дар бораи танзими расму оинро нақз кардааст. Вале баъдан бону Қосимова эълон дошт, ки ҷашни 55-солагияш дар яке аз тарабхонаҳои хурди шаҳри Душанбе баргузор шуда ва як ҷашни хонаводагӣ будааст ва ӯ қонуни танзими расму оинро вайрон накардааст.

Соли гузашта бошад додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷикро низ барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба маблағи 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима карда буд. Парвандаи Маҳмадшоева аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таҳия шуда, баъдан ба додгоҳ ирсол гардида буд.

30 декабри соли гузашта дар интернет зери унвони "днюхаи Зулайхо" наворе пайдо шуд, ки баҳсу вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо ишора ба шукуҳ ва меҳмонони зиёд дар таҷлили рӯзи мавлуди Маҳмадшоева аз он шикоят карданд, ки зимни татбиқи қонуни танзими расму оин дар кишвар тафриқаандозӣ мешавад.

Баъдан масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо Зулайхо Маҳмадшоеваро даъват карда аз ӯ баёнот гирифтанд, ки дар он овозхони тоҷик гуфтааст, ин навор на аз ҷашни зодрӯз, балки муаррифии албоми нахустини ӯст.

74
Барчаспҳо:
мӯйсаргирон, гаҳворабандон, ҷарима, қонун, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Афшини Муқим, Закия, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед, Душанбе, Тоҷикистон