Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: қаллобӣ бо маблағи бузург дар пойтахт ва Исфара

30
(Таҷдидшуда 14:34 04.12.2015)
Мақомоти қудратии кишвар дар шимоли Тоҷикистон ва пойтахт чанд далели қаллобиро ошкор карда, дар нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ якчанд далели содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор гардид, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуотии ВКД ҶТ.

Ба мақомоти милиса сокини 19- солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар давоми соли 2015 "Абдулло" ном шахс бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 133 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ сокини 32-солаи ноҳияи Зафаробод боздошт гардид",- афзуд манбаъ.

Ҳамин тавр, боз як марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дастгир гардид, ки номбурда, моҳи августи соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии сокинони ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз онҳо 100 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Зимнан, мақомоти қудратӣ дар шаҳри Хуҷанд муайян карданд, ки сокини 30-солаи шаҳри Исфара моҳи августи соли 2013 бо роҳи фиреб ба бовари сокини 42-солаи шаҳри Исфара даромада, аз ӯ 750 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Манбаъ илова намуд, ки дар шаҳри Душанбе низ ба мақомоти милитсия чанд соҳибкор муроҷиат карда, ба таври хаттӣ навиштаанд, ки «Бахтиёр» ном шахс ба боварашон даромада, ба роҳи фиреб маблағҳои онҳоро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Пас аз баргузории як амалиёти вижа, қаллоб, сокини 29-солаи ноҳияи Ҳисор боздошт гардид. Ӯдар давоми соли  2015 аз соҳибкор, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз сокини 47-солаи шаҳри Душанбе ба маблағи 200 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулоти сохтмонӣ гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидааст.

Ҳамчунин гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз сокини 47-солаи шаҳри Душанбе 9 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, онро пас надодааст.

Дар қиболи ҳамаи ин гумонбарон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.

30
Барчаспҳо:
парвандаҳои ҷиноӣ, ошкор шудани чанд далел, қаллобӣ, ВКД ҶТ, Ҳамадонӣ, Зафаробод, Ҳисор, Хуҷанд, Душанбе, Исфара, Тоҷикистон