Ғани Раҳматов акси писари кушташудааш Фирдавс Раҳматовро дар Facebook гузошт

Бозбинии қазияи марги Раҳматов дар вилояти Суғд

15
(Таҷдидшуда 10:38 14.12.2015)
Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳалномаи Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷандро дар робита ба марги Фирдавс Раҳматов тағйир додааст.

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳалномаи Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷандро дар робита ба марги Фирдавс Раҳматов, сарбози 22-солаи қисми ҳарбии 04080, ки ахирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ бароварда буд, тағйир додааст. Дар ин бора ба Sputnik аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ Хуршеда Раҳимова иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси ин тағйир, афсарон О.Ҳомидов, Р.Маҳмадов ва Х.Ҳакимов тайи ду соли оянда аз истифодаи баъзе имтиёз ва уҳдадориҳо маҳрум шудаанд. Тибқи ҳалномаи қаблӣ ин афсарон ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

"Қисмати дигари ин парванда бетағйир мондааст, ки тибқи он сержант Раббонӣ Сулаймонов 18 сол, сержант Комрон Раҳимовро 17,5 ва сарбози қаторӣ Айём Назаров 17,5 сол равонаи зиндони низомаш сахт гардиданд",- афзуд манбаъ.

Фирдавс Раҳматов баҳори соли равон ба сафи артиши Тоҷикистон даъват гардида, ҳамагӣ баъди як моҳ аз лату кӯби ҳамхизматонаш ба ҳалокат мерасад. Мақомот ба марги ӯ Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов, сержант ва ефрейтори қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом ва сарбози қаторӣ Айём Назаровро муттаҳам донист.

Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар пайи ин ҳодиса фармондеҳони ин қисми низомиро аз вазифаҳояшон барканор кард.

15
Барчаспҳо:
ҳалнома, тағйир, озодӣ, марг, парванда, бозбинии парвандаи сарбоз, қазияи марги Фирдавс Раҳматов, ҳалокати як сарбоз, Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд, Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон, Хуршеда Раҳимова, Раббонӣ Сулаймонов, Айём Назаров, Фирдавс Раҳматов, Хуҷанд, Тоҷикистон