Дастбанд (завлона). Акс аз бойгонӣ

Боздошти як масъули бонк дар шарқи Тоҷикистон

16
Бозрасони парванда дар мақомоти умури дохила мегӯянд, боздоштшуда ба таврои ғайриқонунӣ ба шахсони алоҳида ба маблағи ҳангуфт қарз додааст.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Кормандони милиса бо иттиҳоми  даст доштан дар ғайриқонунӣ қарз додан ба маблағи ниҳоят зиёд як масъули бонкро, ки 33-сола аст, боздошт кардаанд, иттилоъ медиҳад ВКД.

Бино ба хабари сарчашма, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда дар давраи фаъолияти кориаш дар соли 2014 ба шаҳрвандон  марди 62-сола ва марди 49-солаи сокинони ноҳияи Нуробод ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ қарз додааст.

Дар қиболи масъули бонк парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти қазия идома дорад.

16
Барчаспҳо:
дастгир шуд, масъули қарздиҳӣ, боздошти бонкир, ВКД, Нуробод, Тоҷикистон