Ҳабҳо. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти гумрук: 55 ҳазор доруҳои қалбакӣ нобуд карда шуданд

28
(Таҷдидшуда 10:52 16.03.2016)
Хадамоти гумрук аз воридот ва паҳншавии доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон хабар дода, дар қиболи муҷримин парванда ифтитоҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тайи соли гузаштаи 2015 ва ду моҳи соли 2016 аз ҷониби кормандони бахши фаврӣ ҷустуҷӯии Хадамоти гумруки Тоҷикистон  беш аз 55 ҳазор доруҳои қалбакӣ ва пастсифат ошкор гардида, аз муомилоту фурӯш боздошта шуданд.

Бино ба иттилоъи ин ниҳод, масъулини он дар маҷмӯъ 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии дорувориро ба қайд гирифтаанд.

"Дар вилояти Суғд кормандони гумрук воридоти ғайриқонунии доруворӣ ба миқдори умумии 52 ҳазору 744 дона ва 1 ҳазору 425 қуттӣ дорувории бе сифати муҳлати истифодаашон гузаштаро ошкор намуданд",- омадааст дар иттилоъияи хадамот.

Ҳамчунин, ҳабу доруҳои доруи "амоксатсилин", "апетамол" ва "Ру-фен", ки санадҳои тасдиқкунанда надоштанд ва доруҳое, ки ғайри қобили истеъмоланд, ба қайд гирифта шудаанд.

Дар робита ба аъмоли ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд 10 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ва 1 парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти суд ва прокуратура барои баррасӣ ирсол шуданд.

28
Барчаспҳо:
муомилот, нобуд шуданд, ҳабҳо, доруҳои қалбакӣ, боздошт, Хадамоти гумрук, Суғд, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

Боздошти сокини ноҳияи Вахш: занеро фиреб додаву 12 ҳазор долларашро гирифтааст

255
(Таҷдидшуда 16:00 05.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди гунаҳкор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

255
Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, Тоҷикистон

Истеъмол накунед: олимон доруе, ки коронавирусро бештар афзоиш медиҳад муайян карданд

4974
Бархе озмоишҳо нишон додааст, ки яке аз шарбатҳои зидди сурфа ба зиёдшавии коронавирус дар бадан кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дар озмоишҳое, ки донишмандон барои баррасии таъсири анвои намуди доруҳо бар коронавирус анҷом додаанд мушаххас шуд, ки шарбати "Декстрометорфан", ки барои дармони сурфа истифода мешавад, метавонад сабаби зиёдшавии ин маризӣдар бадани фарди мубтало шавад.

Ин шарбат ҳамон фарояндеро фаъол мекунад, ки вируси корона барои зиёдшавии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Тасмими раису тобеин: маоши якмоҳа алайҳи коронавирус ва 500 сомонӣ кумакпулӣ ба табибон

Яке аз устодони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифода аз ин дору гуфтааст, ки он ҳоли беморони коронавирусро бадтар мекунад.

Донишмандони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско тавсия кардаанд беҳтар аст ҳама дар замони шуйюи вируси корона ва то замони эъломи натиҷаи ниҳоии таҳқиқот, дар истеъмоли ин дору ва доруҳои дигаре, ки боиси афзоиши зиёдшавии вирус мешаванд эҳтиёт кунанд.

4974
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 26 мая

Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 02:47 26.05.2020)
Рӯзи бисту шашуми май аз Рӯзи байналмилалии забони ғайриоддӣ - эсперанто баргузор мегардад. Ҳамзамон дар Русия аз Рӯзи парашютчиён ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 26 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1788 Ню-Йорк иёлати 11-уми ИМА эътироф гардид.

Соли 1847  Ҷумҳурии Либерия истиқлолияташро ба даст овард.

День 25 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1906 дар ИМА Бюрои федералии тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Соли 1858  Барон Ротшилд аввалин яҳудие буд, ки дар парлумони Англия ба сифати аъзо қабул шуд.

Соли 1993 манати озарбойҷонӣ дар ин кишвар ҳамчун пули миллӣ қабул гардид.

Рӯзи 26 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон сафар карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя — Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

Соли 2013 Бунгоҳи интишороти "Майванд" китоби Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ" бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонид.

Соли 2014 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба имзо расонида шуд

Ҷашнҳои рӯзи 26 май

  • Рӯзи байналмилалии забони ғайриоддӣ – эсперанто.
  • Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Россия — Рӯзи парашютчиён.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон