Боздошти гумонбаршуда. Акс аз бойгонӣ

Боздошти мошинрабоён дар Душанбе

28
(Таҷдидшуда 15:33 16.03.2016)
Гурӯҳи ҷинояткорон фаъолияташонро аз соли 2015 шурӯъ намуда, то аввали соли 2016 идома доданд. ИН ҷавонон асосан дар шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атрофи он “кор” мекарданд. Бузургсолтарини онҳо 27 сол дорад.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки силсиламошиндуздиҳо аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон иборат аз 5 нафар анҷом дода шудаст, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Гурӯҳи ҷиноятпеша ба рабудани мошинҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он аз соли 2015 то аввали соли 2016  машғул буданд.

Моҳи марти соли равон кормандони фаврии мақомоти корҳои дохилӣ бо гумони рабудани воситаҳои нақлиёт ду бародари яке 25 ва дигари 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, инчунин ду сокини 25 ва 27-солаи ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.

Тафтиш маълум кард, ки боздоштшудагон дар рабудани автомашинаи тамғаи ВАЗ-21014 аз шаби 9 ба 10 марти соли равон, ки ба сокини 35-солаи шаҳри Душанбе тааллуқ дошт, даст доранд.

Ҳамчунин, муайян карда шуд, ки ин гурӯҳ дар дуздии якчанд нақтиёти дигар моҳи феврали 2015 даст дошта, зарари умумии расонидаи онҳо ба 70.000 сомонӣ баробар аст.

Айни замон оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

28
Барчаспҳо:
боздошт, мошиндуздҳо, мошинрабоён, дуздӣ, ВКД ҶТ, Рӯдакӣ, Тоҷикистон, Душанбе