АНМН: мусодираи 14 кило нашъа дар Дарвоз

© Sputnik / Амир ИсаевБинои АНМН дар Душанбе. Акс аз блойгонӣ
Бинои АНМН дар Душанбе. Акс аз блойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани ҳолати кор ва муқаррар намудани шахсиятҳое, ки дар ҷинояти мазкур ҳамдастӣ доранд, гузаронида мешаванд.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Кормандони шӯъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъадор аснои як амалиёти муштарак бо низомиёни Отряди сарҳадии Дарвози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қариб 14 килограмм маводи нашъаовар мусодира намуданд, омадааст дар иттилоъияи ин ниҳод.

Боздошти қочоқчиии маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти қочоқчии афғон бо 1 кило нашъа дар Шуғнон

"Ҳангоми баргузории як амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Қалъаи Хумб-Хоруғ дар мавзеи Ғармхоҳи деҳаи Хустави ноҳияи Дарвоз сокини 26-солаи ноҳияи Дарвоз ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид. Аз дастгиршуда ду адад борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили яке аз онҳо 13 дона бастаи полиэтиленӣ бо маводи хамирмонанд ва дар дохили борхалтаи дигар ду адад баста бо маводи хокамонанд мавҷуд буд",- меафзояд сарчашма.

Зимнан, ташхсии шӯъбаи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ муайян кард, ки аз маводи мусодирагардида 12 кг 348 грамм афюн ва 1 кг 522 грамм ҳероин мебошад.

Дар нисбати боздоштшуда аз рӯи моддаи 200 қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, оид ба муайян намудани ҳолати кор ва муқаррар намудани шахсиятҳое, ки дар ҷинояти мазкур ҳамдастӣ доранд, гузаронида мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0