Боздоштгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди Қазоқистон 2,5 сол дар зиндон мемонад

18
Маҳкумшуда борҳо кӯшиши ба Сурия рафтанро барои иштирок дар амалиётҳои ташкилоти террористӣ карда буд. Парванда бо шартҳои вижа баррасӣ мешавад, зеро гумонбар пурра ба гуноҳи худ иқрор гардид.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Додгоҳи низомии Қафқози шимолӣ рӯзи чоршанбе шаҳрванди Қазоқистонро, ки бо иттиҳоми узвият ба гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар дониста мешавад ба ду сол ва шаш моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори РИА Новости аз додгоҳ.

Парванда бо шартҳои вижа баррасӣ шуд, зеро гумонбар Вазген Заргарян, ки муваққатан дар Ростови лаби Дон умр ба сар мебурд, пурра ба гуноҳи худ иқрор гардид.

Додгоҳ ӯро бо иттиҳоми  "омодагӣ ба иштирок дар амалиётҳои мусаллаҳонаи кишвари хориҷ, ки мухолифи қонунгузории он давлат буда, бар хилофи манфиатҳои ФР аст" ва ҳамчунин барои омодагӣ ба иштирок дар амалиётҳои террористии созмони тундрав айбдор намуд.

Бино ба маълумоти муфаттишон айбдоршаванда борҳо кӯшиши ба Сурия рафтанро бо мақсади ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи ҷиноятпеша карда буд.

Шаҳрванди Қазоқистон бо иштирокчиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамос барқарор намуда, хатсайрҳои Русия ва Сурияро омӯхтааст.

Тибқи маълумоти муфаттишон охири моҳи ноябри соли 2014 муттаҳам мустақилона чиптаи хатсайри Бишкек- Истамбулро харидорӣ намуда, ҳамгоми парвоз ба Истамбул аз Туркия ихроҷ гардида, ба Бишкек бозгардонида шуд.

Номбурда соли 2015 бори дигар азми сафар карда, парвоз намуд, вале ин дафъа ӯро ба Маскав баргардониданд. Моҳи июн ӯ нақша дошт, тавассути Гурҷистон ба Туркия ва баъд ба Сурия сафар намояд. Ҳамин тавр, 22 июн ин сарусадо бо боздошти Заргарян дар Ростови лаби Дон ба анҷом расид.

 

18
Барчаспҳо:
гунаҳкор, маҳрум аз озодӣ, маҳкама, айбдор, додгоҳи Қафқоз, Вазген Заргарян, Ростови лаби Дон, Қазоқистон, Русия
Мавзуъ
Боздошти омӯзгорони узбак ба иттиҳоми паҳни варақаҳои "Давлати исломӣ"
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти сокини шаҳри Ваҳдат: боркашҳои "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ зад

152
(Таҷдидшуда 15:13 30.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти Раҷабов Ҳамроҳиддин, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ваҳдат ду худрави марди қарздорро оташ задааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 29 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Раҷабов Ҳамроҳиддин Ҷалолович, сокини 50-солаи шаҳри Ваҳат, посбони таваққуфгоҳи ҶСК "Пахта", дар ҳолати мастӣ ду адад автомашинаи боркаши тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"- ро оташ задааст.

Сокини Истаравшан зани 28 - солаашро кушту гардани худро бурид

Ин боркашҳо ба шаҳрванд Зеваров Илҳом тааллуқ доштаанд ва ӯ 9 моҳ ҳаққи таваққуфгоҳро пардохт накардааст.

Дар паи ин ҳодиса ба нақлиёти номбурда зарари техникӣ расонида шудааст.

Манбаъ афзуда, ки Раҷабов Ҳамроҳиддин, аз тарафи кормандони милитсия дастгир гардида, маводи пешакӣ тартиб ва тафтиш идома дорад.

152
Барчаспҳо:
оташ, Ваҳдат, боркаш, Тоҷикистон, ВКД
Опустевшие дороги в городе Душанбе

Раёсати ВКД дар Душанбе: "Баҳриддинро облава набурдааст, ӯ талбандагӣ мекард"

257
(Таҷдидшуда 14:15 08.10.2020)
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вокунише нашр карда аз мардум хоҳиш кардааст, ки ҳар амали кормандони мақомоти қудратиро ба "Облава" рабт надиҳанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди милитсия инъикос ёфтааст.

Манбаъ афзудааст, ки муаллифи навор ҳодисаи мазкурро "ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)" шарҳ дода, баъдан ба як қатор расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.

Навори мазкур баъди паҳн гардидан дар шабакаҳои интернетӣ мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Вобаста ба аз байн бурдани нофаҳмии бавуҷудомада ва муайян намудани ҳолати воқеӣ дар асоси супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шахсияти ҳамаи иштирокдорони навор, аз ҷумла кормандони милитсия, ҷавонмарду ҷавонзани дар навор инъикосгардида ва муаллифи навор муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.

"Зимни санҷиш муайян карда шуда, ки онҳо: Пардаев Бадриддин Искандарович санаи таваллудаш 11.09.1993, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва ҳамсараш Халосова Озода Шамсиддиновна санаи таваллудаш 26.09.1995 сокини суроғаи болозикргардида мебошанд", - омадаатс дар хабарнома.

Ба иттилои онҳо, рӯзи  30 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шуданашон ба талбандагӣ кормандони милитсия ҳозир шуда, хостанд аз роҳи мошингард ҷавони талбанда Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд.

Ин ҳодисаро ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус RX рақами қайди давлатиаш 9345 ЕМ01 шаҳрванд Латипов Насимҷон Ҳақдодович соли таваллудаш 11.01.1994 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ҷомӣ тавассути телефони мобилиаш сабт намуда, бо гузашти 6-7 рӯз навори мазкурро носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун "ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)" бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст.

ВКД мегӯяд, худи шаҳрванд Латипов Насимҷон ҳодиса санаи 30 сентбяр рух дода буд, ки ҳатто дар ин руз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз нагардида, муаллифи навор дидаю дониста ин хабари бардуруғро ҳамчун ҳодисаи "облава" паҳн намудааст.

Раҳмон дар бораи "облава": қонуншикании ҷиддист, ҳатто беморонро мебаранд

"Ҷои нигаронист, ки як қатор расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳолати корро ба таври пурра дарк ва дуруст ташхис накарда, якҷониба ба таври худ ин ҳодисаро низ ҳамчун ҳодисаи "облава" инъикос намуданд, ки ин амали рузноманигорон хилофи этика ва меъёрҳои журналистӣ аст".

Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодаш шаҳрванд Пардаев Бадриддин аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин соҳиби 3 фарзанд мебошад ва ҳодисаи мазкур ба "облава" ягон рабт надорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки кормандони милитсия ӯҳдадоранд ҳар як ҳолати вайроннамоии қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо дуд додани испанд, ба фурӯш баровардани ҳар гуна маводҳои кӯдакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбаташон чораандешӣ намоянд.

257
Барчаспҳо:
ВКД, ВКД, "облава", Душанбе

Ҳабиб амали Макронро маҳкум кард: "мо пайғамбарамонро беш аз ҳама дӯст медорем"

0
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони ҷаҳон оид ба вазни сабук дар муҳорибаҳои омехта рафтори президенти Фаронса Эманнуэл Макронро нисбати пайғамбари ислом Муҳаммад (с) шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳабиб нурмуҳаммадов дар саҳифааш дар Instagram президенти Фаронса Эммануэл Макронро аз бадтарин инсони ҷаҳон хонд.

"Бигзор Худои Таъоло чеҳраи ин махлуқ ва тамоми пайравони ӯро, ки зери шиори озодии сухан, эҳсоси беш аз якуним миллиард мусалмонро таҳқир мекунанд. Бигзор Худо онҳоро дар ҳаёт ва дар охират хор созад. Худо дар ҳисобот зуд аст ва шумо инро хоҳед дид", - навиштааст Ҳабиб.

Ӯ афзуда, ки мусалмонем пайғамбарашон Муҳаммад (с) беш аз ҳар касе дӯст медоранд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Да обезобразит Всевышний лицо этой твари и всех его последователей, которые под лозунгом свободы слова оскорбляют чувства более полутора миллиарда верующих мусульман. Да унизит их Всевышний в этой жизни, и в следующей. Аллах скор в расчёте и вы это увидите. Мы - мусульмане, любим нашего Пророка Мухаммада (да благословит его Аллах и приветствует) больше, чем наших матерей, отцов, детей, жён и всех остальных близких нашему сердцу людей. Поверьте мне, эти провокации им выйдут боком, конец всегда за Богобоязненными. - ‎قبح الله وجه هذا الأبتر وجميع تبعهم الذين يؤذون الشعور أكثر من نصف مليار مسلم تحت قناع الحرية ‎أذلهم الله في الدنيا والآخرة إن الله سريع الحساب ‎نحن مسلمون نحب رسولنا ونبينا محمد صلى الله عليه وسلم أكثر من أمهاتنا وآبائنا وأبنائنا وأزواجنا ومن جميع خلق الله سبحانه وتعالى ‎صدّقوني هذه الاستفزازات سوف تخرج من أعناقهم والعاقبة للمتقين - Holy Quran 33:57 ------------------ إِنَّ الَّذِينَ يُؤْذُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُّهِينًا Воистину, тех, которые поносят Аллаха и Его Посланника, Аллах проклял в этом мире и в Последней жизни и уготовил им унизительные мучения.

Публикация от Khabib Nurmagomedov (@khabib_nurmagomedov)

"Мо мусалмонон, Паёмбарамон Муҳаммад (с) -ро аз модарон, падарон, фарзандон, ҳамсарон ва ҳамаи одамони ба диламон наздик бештар дӯст медорем. Бовар кунед, ин иғвоҳо ба онҳо бармегарданд, оқибати хуб ҳамеша барои парҳезгорон аст", - навиштааст қаҳрамон.

Тазоҳурот дар Теҳрон пас аз шарҳи Макрон дар бораи Ислом - навор

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид.

0
Барчаспҳо:
Фаронса, маҳкум, Қуръон, Эммануэл Макрон, Ҳабиб Нурмуҳаммадов