Нафақахурон ҳангоми гирифтани нафақа. Акс аз бойгонӣ

Олимон: нафақахуроне, ки кор мекунанд дертар пир мешаванд

42
(Таҷдидшуда 12:39 04.05.2016)
Гурӯҳи олимон аз донишгоҳи иёлоти Орегони ИМА ба хулоса омаданд, ки кор кардан баъди ба нафака баромадан ба саломатӣ фоида дошта умри касро дароз мекунад.

ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Нафақахуроне, ки ба кору фаъолият машғуланд нисбати ҳамсолони худ, ки баъди ба нафақа баромадан кор намекунанд то 11% камтар ба ҳалокат дучор меоянд, изҳор доштанд олимони амрикоӣ ба нашриёти Journal of Epidemiology and Community Health.

«Чунин таҳқиқҳо одатан дар мавзӯъҳои  вобаста ба ҷабҳаи иқтисодии нафақа гузаронида мешаванд. Мо мехохем таъсири фаъолияти барзиёдро ба организми нафақахурон маълум созем»,-изҳор дошт Ченкай Ву аз донишгоҳи иёлоти Орегони ИМА.

Шаҳрвандони ИМА дар қиёс бо дигар аҳолии мамолики чаҳон метавонанд худ синну соли ба нафақа баромаданро  интихоб кунанд. Барои ҳамин ҳам олимон ба хулоса омаданд, ки маҳз маълумоти ин минтақаро истифода баранд.

Ву ва ҳамкоронаш бо дастгирии ҳукумати кишвар ба маълумотҳои лоиҳаи «Нафақаи солим» (Здоровая пенсия) шурӯъ аз соли 1992 то 2010 дастрасӣ пайдо карданд. Дар умум дар ин таҳқиқот зиёда аз 12 ҳазор нафақахурон ва коргарони амрикоӣ, ки се ҳазори онҳо дар 18 соли охир ба нафақа баромадаанд иштирок карданд.

Ба гуфти олимон бисёри шаҳрвандони Амрико бо сабаби ноҷур будани саломатӣ барвақт ба нафақа баромада тез мемиранд, на бо сабаби сарборӣ балки бо сабаби бад будани саломатӣ. Барои ҳамин ҳам олимон иштирокчиёни лоиҳаи «Нафақаи солим»-ро  ба ду гурӯҳ тақсим карданд: нафақахурони солим ва носолим. Ва таъсири дур ё зуди ба нафақа баромаданро дар ҳар дуи гурӯҳ дар алоҳидагӣ санҷиданд.

То соли 2010 қисми зиёди иштирокчиёни лоиҳа, наздики чоряки нафақахурони носолим ва 12 фисади нафақахурони солим аз дунё гузаштаанд. Вақти ба нафақа бароии онҳоро муқоиса карда олимон ба хулоса омаданд,  нафақахуроне, ки баъди 65-солагӣ корро идома додаанд зиёдтар умр дида то 11% камтар барои ҳар соли кори иловагӣ дар киёс бо нафарони бемор, ки танҳо 9%-ро ташкил дод ба марг дучор шудаанд.

То ҳол олимон ба чӣ вобаста будани дарозумриро намедонанд. Вале онҳо фикр мекунанд, ки таъсири мусбати кор ба давомнокии зиандагӣ эхтимолан ба он вобаста аст, ки меҳнат паст гардидани қобилияти равонии пиронсолонро нигоҳ медорад. Дар таҳқиқҳои оянда Ву ва ҳамкоронаш дуруст ё нодуруст будани ин фикрашонро исбот хоҳанд кард.

 

42
Барчаспҳо:
"Нафақаи солим", ба нафақа баромадан, синну соли нафақа, таҳқиқ, Ченкай Ву, Орегон, ИМА
Мавзуъ
Биологҳо гени марбут ба пиршавиро пайдо карданд