Мерседес. Акс аз бойгонӣ

Интихоби мошиндуздони вилояти Суғд -«Мерседес»

21
(Таҷдидшуда 11:46 04.05.2016)
Кормандони пулиси шаҳри Хуҷанд ҷинояткоронро, ки ба рабудани мошинҳо ва қисмхои эхтиётӣ машғул буданд, дастгир намуданд. Яке аз онҳо ноболиғ аст.

ДУШАНБЕ, 4май - Sputnik.  Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд ҷинояткоронро, ки ба дуздидани мошинҳо ва рабудани қисмҳои эхтиётӣ гумонбар мешуданд дастгир намуданд, иттилоъ дод дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон.

«Дар маркази маъмурии вилояти Суғд як далели дуздии чархҳои мошин ва як далели дигари дуздии нақлиёт ба қайд гирифта шудааст»,-омадааст дар иттилоия.

Дар ҳар ду маврид ҳам ҳадафи дуздон автомобили маркаи «Мерседес» будааст.

Аз ҷониби кормандони пулис, шаҳрванди маҳаллии 16-сола бо иттиҳоми рабудани микроавтобус «Мерседес-Бенс-Спринтер», ки дар назди таваллудхонаи вилоятӣ нигоҳ дошта мешуд, дастгир гардид.

Ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду сокини ҷавони ноҳияи Бобочон Ғафуровро бо иттиҳоми дуздии чархболҳои мошини навъи «Мерседес» дастгир намуданд. Ҳаҷми умумии дуздӣ 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 

21
Барчаспҳо:
рабудани нақлиёт, ноболиғ, мошини "Мерседес-Бенс", дуздӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров, Суғд
Мавзуъ
ВКД: мошиндуздӣ дар "Чимтеппа" ва ҳалокати як тифл дар Ҳамадонӣ
ВКД: боздошти дуздони “касбӣ” дар Душанбе