Шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми тафтишоти МХФ. Акс аз бойгонӣ

Дар Маскав зиёда аз 200 муҳоҷир боздошт гардид

49
(Таҷдидшуда 10:40 24.05.2016)
Дар фабрикаи дузандагӣ маҳсулоти ғайриқонунӣ: либосҳои варзишӣ бо логотип ва брендҳои машҳури ҷаҳонӣ истеҳсол мегардиданд. Чуноне аз пулиси Маскав хабар доданд, баъди истеҳсол либосҳои варзишӣ ба бозори фурӯши яклухт бароварда мешудааст.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik.  Кормандони пулиси шаҳри Маскав дар якҷоягӣ бо намояндагони идораи минтақавии ХФА дар қисми ҷанубу шарқии пойтахт фабрикаи фаъолияташ ғайриқонуниро дарёфт карданд, ки дар ин корхона 206 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, кор мекарданд, иттилоъ дод рӯзи душанбе намояндаи расмии ВКД-и Русия Ирина Волк.

Коргарони ғайриқонунӣ ба истеҳсоли либосҳои варзишӣ бо логотип ва бренди машҳури ҷаҳонӣ машғул буданд.

"Дар кӯчаи Угрешск чор фабрикаи фаъолияташон ғайриқонунӣ дарёфт гардиданд. Барои муайян намудани шахсият ва санҷиши даст надоштан ба ҷиноятҳои содиршуда 206 шаҳрванди хориҷӣ ба идораи пулис оварда шуданд. Нисбати 108 нафари онҳо парвандаи маъмурӣ барои вайрон кардани қонуни вуруд дар Русия боз гардида, нисбати 98 нафари дигар барои фаъолияти ғайриқонуниашон дар қаламрави ин кишвар парванда ифтитоҳ гардид"-гуфт Волк.

Дар рафти тафтишоти корхона зиёда аз 500 адад асбобҳои дузандагӣ, маҳсулоти хом барои истеҳсоли либос, нишона-брендҳои машҳури ҷаҳонӣ ва ҳамчунин 216 маҷмӯъи маҳсулоти тайёр дарёфт гардиданд. Мувофиқи маълумоти пулис ин маҳсулот бояд ба бозор бароварда мешуд.

Дар ҳоли ҳозир ташкилкунандаи ин бозори маҳсулот муайян карда мешавад. Мақомоти амнияти иқтисодӣ ва мубориза бар зидди фасоди  ИМВКД қонунӣ ё ғайриқонунӣ фаъолият доштани ин корхонаро муайян менамояд.

49
Барчаспҳо:
корхонаи либосбарорӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ, 206 шаҳрванди хориҷӣ, ВКД Русия, Ирина Волк, Маскав
Мавзуъ
Вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев ба Тоҷикистон меояд
Додгоҳ дар Русия 2 тоҷикро барои 7 сол равонаи зиндон кард
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Кордкашии ноболиғ дар хобгоҳи "Текстил": марди 34 -соларо дашном доду корд зад

266
(Таҷдидшуда 12:42 22.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғе хабар медиҳад, ки дар авбошӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, дар бораи ҳодисаи мазкур ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст.

Ин мард шикоят кардааст, ки 20-уми январи соли 2021, тахминан соати 23:40, дар дохили хобгоҳи "Текстил", воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол кардааст.

Мусодираи силоҳи оташфишон аз сокини Турсунзода: "барои ҳимояи оилаам харидам"- навор

Тибқи иттилои манбаъ, ноболиғ ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба китфи росташ задааст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки феълан гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

266
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, кордкашӣ, Душанбе, дашном, дашном
Арест, архивное фото

Кордкашӣ дар бозори Исфара: ҷавони 27 -сола падару писарро захмӣ кард

322
(Таҷдидшуда 19:29 17.01.2021)
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти сокини 27 - солаи шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки дар ҷинояти авбошӣ гумонбар мешавад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон дар паибаргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздошти марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мард, ки соли 2012 бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

"Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст", - омадаатс дар хабарнома.

Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

322
Барчаспҳо:
ВКД ҶТ, Исфара, боздошт
Новые автобусы в Душанбе

Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад

0
Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад, гузориш медиҳад шаҳрдории Душанбе.

 Бино бар иттилои манбаъ, аз 28 январи соли 2021 хатсайри нави троллейбусии №9 (Корхонаи равғанбарорӣ-маҳаллаи Обшорон)  ба фаъолият оғоз менамояд.

"Дар хатсайри мазкур троллейбусҳои  замонавӣ тавассути хиёбону кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳаракат менамоянд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад

Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

0