Байрақи Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти кашфи ИМА: шумораи ҷангиёни ДИИШ дар Ироқ ва Сурия кам шудаст

27
(Таҷдидшуда 13:55 02.08.2016)
Бреннан ҳамчунин қайд кард, ки дар Яман, Афғонистон, Покистон, Миср шумораи ҷангиён садҳо нафарро ташкил медиҳад. Вале дар ин минтақаҳо онҳо бо дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Таи соли охир шумораи ҷангиёни Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Сурия ва Ироқ кам шудааст, иттилоъ дод директори Хадамоти марказии кашфи ИМА Джон Бреннан.

"Тибқи маълумоти хадамот дар Ироқ ва Сурия айни замон аз 18 то 22 ҳазор ҷангӣ вуҷуд доранд. Ин рақам нисбати соли гузашта албатта камтар аст",-гуфт ӯ зимни суханронӣ.

Ба гуфти ӯ шумораи террористони Давлати исломӣ дар Ливия 5-8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бреннан ҳамчунин қайд намуд, ки дар Яман, Афғонистон, Покистон, Миср шумораи ҷангиён садҳо нафарро ташкил медиҳад. Вале мувофиқи маълумоти Хадамоти марказии кашфи ИМА дар ин минтақаҳо онҳо бо дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ мекунанд.

 

 

 

 

27
Барчаспҳо:
18-22 ҳазор нафар, шумораи ҷангиён кам шудаст, Давлати Исломӣ, Джон Бреннан
Мавзуъ
Ифшои ному насаби ҳазорон ҷангии "Давлати исломӣ"
Додгоҳи олӣ “Давлати исломӣ”-ро террористӣ эълон кард
Ба “Давлати исломӣ” ҳамаи кишварҳои узви АСЕАН ҷанг эълом карданд