Дар Душанбе ду авбош дастгир шуданд

© Sputnik / Mish SukharevКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содири ҷиноят дастгир гардиданд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти вижа аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе ду нафар сокинони пойтахт бо ҷурми авбошӣ боздошт шуданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар сокинони 27-сола ва 32-солаи шаҳри Душанбе рӯзи 14 июн марди 43-солаи пойтахтро дар назди манзили зисташ бе ягон асос бо истифодаи корд лату куб кардаанд.

Бар асари лату кӯб марди 43-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0