Маводи нашъадор. Акс аз бойгонӣ

Дар Химки шаҳрванди ҶТ бо ҷурми фурӯши маводи мухаддир дастгир шуд

39
(Таҷдидшуда 12:04 11.07.2016)
Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз қочоқбари 19-сола ҳангоми дастгир шудан 100 г маводи мухаддир, ки барои фурӯш омода шуда буд, дарёфт гардид.

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Химкии вилояти Маскав кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Тоҷикистонро бо 1,3 кг нашъа боздошт намуданд, иттилоъ медиҳад торномаи ВКД Русия.

"Аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Сарраёсати ВКД оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамроҳ бо ҳамкоронашон аз ВКД Русия дар ноҳияи Химкии назди вилояти Маскав, қочоқбари фаъоли маводи мухаддир, ки ба фурӯши ҳероини афғонӣ дар қаламрави ФР машғул буд, дастгир шуд. Аз шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон наздики 1 кг ва 300 гр ҳероин дарёфт ва мусодира гардид",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки кормандони пулис аз дастгиршуда наздики 100 гр нашъа, ки барои фурӯш пешбинӣ шуда ва дар баробари ин 20 қутии селофанӣ бо миқдори муайяни нашъа дарёфт ва мусодира гардид.

Дар натиҷаи кофтукови манзили зисти дастгиршуда, ҳамчунин 1,2 кг ҳероин дарёфт гардид.

Бино ба иттлиои манбаъ "нархи чаканаи маводи мухаддирри дарёфтшуда, мувофиқи нархи бозори "сиёҳ" зиёда аз 2 млн рубли русиро ташкил медиҳад".

Дар робита бо ҳодисаи мазкур нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

39
Барчаспҳо:
нашъа, шаҳрванди Тоҷикистон, дастгир шуд, ВКД-и Русия, Русия
Мавзуъ
Кашфу мусодираи қариб 9 кило нашъа дар Тоҷикистон дар як рӯз