Дастгир шудани кудакрабоён дар Тоҷикистон

© SputnikАкси Матлуба Ахмедова, гумонбаршуда дар дуздии кудакон, аз саҳифаи Facebook.
Акси Матлуба Ахмедова, гумонбаршуда дар дуздии кудакон, аз саҳифаи Facebook. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти ковтуков аз манзили зисти гумонбаршудагон олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандоруву ҳабҳои мадҳушкунанда ва якчанд намуд либосҳои кӯдакона дарёфт гардид.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Кормандони ВКД-и Тоҷикистон нафаронеро, ки ба дӯдакдуздӣ мутаҳҳам мешаванд боздошт карданд, иттилоъ медиҳад РИА Носвости бо такя ба мабаъ аз вазорат.

 "Се аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша рӯзи 20 июл зимни рабудани духтари ҳафтсола дар назди маркази савдо дастгир гардиданд",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.

Дра назди ҳамин маркази савдо ҳанӯз соли 2013 хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо ва ҳамчунин моҳи августи соли 2014 Осия Диловарова гум шуда буданд. Ҳар сеи ин духтарон дар хонаи паси маркази савдо зиндагӣ мекарданд.

"Духтараки ҳафтсолаи дуздидашуда Ф.Б. ҳангоми талошҳои кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноят бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди 15-20 дақақаи рабуда шуданаш аз дасти мухолифон раҳо карда шуд",-иттилоъ дод манбаъ.

Ба гуфти муфаттишон роҳбар ва ташкилкунандаи ин гурӯҳи ҷиноятпеша сокини 48 солаи Душанбе Матлуба Ахмедова мебошад, ки ӯ дар наздикии маркази садо биноеро барои масаж ба иҷора гирифтааст.

Тафтишот маълум кард, ки гурӯҳи ҷиноӣ ҳамчунин хонаи дигареро дуртар аз маркази шаҳр ба иҷора гирифта духтари дуздидашударо бояд баъди рабудан ба он ҷо мебурданд. Дар рафти тафтишот аз дохили манзил олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандоруҳо, маволдҳои мадҳушкунанда ва ҳамчунин либосҳои кӯдакона дарёфт гардиданд.

Нисбати Матлуба Ахмедова ва ду ҳамроҳаш-табиби маркази Ҷумҳуриявии тандурустӣ Ғиёсов ва таксист, ки номи ӯ гуфта нашудааст аз рӯи моддаи "Одамрабоӣ" парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0