Дидбонгоҳи гумрук. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон барои кӯшиши интиқоли героин ба Озарбойҷон дастгир шудааст

13
(Таҷдидшуда 14:09 15.08.2016)
Гумрукчиёни Озарбойҷон як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилов Муҳаммадамин Сабировичро дастгир намуданд, ки аз автомашинаи вай 141, 156 кг маводи мухаддир ёфт гардид.

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Гумрукяиёни Озарбойҷон вориди 141 кг героинро ба кишвар пешгирӣ намудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии АПА.

"Кормандони раёсати гумруки Астаринскии (дар сарҳади Эрон) кумитаи давлатии гумрук(КДГ)-и Озарбойҷон вориди қисми калони героинро пешгирӣ намуданд. Героин дар автомобили боркашони тамғаи DAF ёфт гардид, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон Исмоилов Муҳаммадамин Сабирович (соли таваллудаш 1985) тааллуқ дошт. Дар вақти кофтуков аниқ гардид, ки дар мошин  141,156 кг маводи героин пинҳон карда шудааст"- омадааст дар хабари оҷонсӣ.

Мувофиқи маълумотҳои оҷонсӣ, ронандаи мошин гуфтааст, ки аз Эрон ба Озарбойҷон равона мешуд ва мехост, ки  ба Гурҷистон расад.

"Ронандаро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Дар ин бора тафтишот идома дорад"

13
Барчаспҳо:
маводи нашаовар, шаҳвандони Тоҷикистон, дастгир шудан, Осиё, Озарбойҷон
Мавзуъ
Дар Химки шаҳрванди ҶТ бо ҷурми фурӯши маводи мухаддир дастгир шуд