Дар маҳбас. Акс аз бойгонӣ

Аҳлиддин Усмонов 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд

49
(Таҷдидшуда 12:44 14.11.2016)
Сокини вилояти Хатлон Аҳлиддин Усмонов иқрор шуд, ки тақрибан як ҳафта дар сафи ҷангиёни ДИ фаъолият кардааст. Бо қарори додгоҳ ӯ 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон собиқ аъзои гурӯҳи радикалии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) 12 сол аз озодӣ маҳрум шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуоти додгоҳи Олии ҶТ.

"Сокини вилояти Хатлон Аҳлиддин Усмонов моҳи июли соли равон Сурияро тарк карда, тариқи Туркия-Русия  ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дастгир карданд",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.

Бино би маълумоти муфаттишон, Усмонов иқрор шудааст, ки тақрибан як ҳафта дар сафи гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ ҷангидааст.

"Усмонов баъди хатми яке аз мадрасаҳои Туркия бо маслиҳати нафаре аз ноҳияи Панҷ ба Сурия рафта, узви ҷангиёни Давлати Исломӣ мешавад",-гуфт намояндаи додгоҳ.

Мақомоти Тоҷикистон бо мақсади пешгирии террориризм ва воридшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои радикалӣ, ба Кодекси ҷиноии кишвар тағйирот дохил карданд. Мувофиқи тағйирот нафари аъзои ин ё он гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар хориҷи кишвар ба амалҳои террористӣ машғул аст, 12 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.

Нафароне, ки аз Сурия ва Ироқ ихтиёран ба ватан бармегарданд, афв мешаванд. Соли гузашта зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафи Давлати Исломиро баромаданд.

Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералии кишвар, 1,1 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ ҷанг мекунанд.

49
Барчаспҳо:
узви ДИ, 12 соли маҳрумият аз озодӣ, Давлати Исломӣ, Аҳлиддин Усмонов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Шаҳрванди Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон дастгир гардид