Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати ронанда ва маҷрӯҳ шудани панҷ мусофир дар шаҳри Турсунзода

69
Ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат ба самти кӯчаи С.Айнӣ ба дарахт бархӯрда ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода ронандаи мошини тамғаи "Мерседес-Бенс" аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ба дарахт бархӯрд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Санаи 4-уми декабр тахминан соати 09:05 ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" марди 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат ба самти кӯчаи С.Айнии шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархурдааст.

"Дар натиҷа  ронанда бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расид",-омадааст дар иттилоия.

Мусофирони автомашина-ду нафар ҷавони 20 ва 27-сола, ду ҷавондухтари 17 ва 18-солаи сокинони шаҳри Турсунзода ва ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

69
Барчаспҳо:
маҷрӯҳ шудани панҷ мусофир, марги ронанда, ВКД-и Тоҷикистон, Турсунзода, Тоҷикистон