Норак: дуздони мошин дастгир шуданд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шахсони номаълум автомашинаи “ВАЗ-2107-ро, ки ба ронандаи 31-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дошт, за назди манзили зисташ ҳай карда дуздиданд

ДУШАНБЕ, 25 декабря — Sputnik. Дар шаҳри Норак кормандони ҳифзи ҳуқуқ амалиёти дуздии ҷавононро ошкор карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Mercedes-Benz. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интихоби ҷавонони Душанбе-“Мерседес-Бенс”

Манбаъ мегӯяд, ки санаи 22 декбари соли равон  ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 31-солаи сокини пойтахт муроҷиат кардааст. Ба қавли ӯ шаби 21 ба 22-юми декабри соли равон, шахсони номаълум аз назди бинои манзили истиқоматиаш автомашинаи тамғаи "ВАЗ-2107-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.

Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар баромадгоҳи  нақби "Хатлон" автомашинаи мазкур боздошт шуд.

Аз дохили он се нафар: ҷавони 17-солаи сокини кӯчаи С.Осиёб, ки пеш бо моддаи 244 қимси 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 18-солаи сокини кӯчаи Заҳматобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуданд.

Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0