Маҳбас. Акс аз бойгонӣ

Бухоро: Фарҳод барои сӯзонидани волидонаш 16 сол равонаи зиндон шуд

93
(Таҷдидшуда 10:29 27.12.2016)
Қайд мешавад, ки Фарҳод Эгамов баъди аз даст додани ҷои кор дар Русия ба ватан баргашт. Бо сабаби вазъияти душвори молиявӣ байни ӯ ва волидонаш зуд зуд муноқиша сар мезад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Узбакистон суди вилоятии Бухоро Фарҳод Эгамовро бо иттиҳоми кӯшиши сӯзонидани волидонаш ба 16 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард, хабар медиҳад РИА Новости.

"Эгамов дар ҳолати мастӣ бо падару модари худ ҷанҷол карда, ба онҳо бензин пошид ва даргиронд. Дахолати хешовандон ва ҳамсояҳо ҳодисаи фоҷиаборро пешгирӣ карданд. Падару модари Фарҳод бо ҷароҳатҳои вазинин ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд",-қайд кард оҷонсӣ.

Дар рафти тафтишот маълум кард шуд, ки соли 2015 Эгамов баъди аз даст додани ҷои кор дар Русия ба Бухоро бармегардад. Вале дар ватанаш ҷои кор намеёбад. Гунаҳкор бо сабаби вазъияти молиявӣ зуд зуд бо падару модараш муноқиша мекард, гуфт намояндаи прокуратура.

Ҳамин тавр Фарҳод Эгамов бо қарори суди вилоятӣ 16 сол равонаи зиндон гардид.

93
Барчаспҳо:
сӯхтан, сӯзонидани волидон, бензин, беморхона, Фарҳод Эгамов, Бухоро, Узбакистон
Преступник за решеткой

Боздошти сокини ноҳияи Вахш: занеро фиреб додаву 12 ҳазор долларашро гирифтааст

256
(Таҷдидшуда 16:00 05.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди гунаҳкор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

256
Барчаспҳо:
боздошт, қаллобӣ, Тоҷикистон

Истеъмол накунед: олимон доруе, ки коронавирусро бештар афзоиш медиҳад муайян карданд

4977
Бархе озмоишҳо нишон додааст, ки яке аз шарбатҳои зидди сурфа ба зиёдшавии коронавирус дар бадан кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дар озмоишҳое, ки донишмандон барои баррасии таъсири анвои намуди доруҳо бар коронавирус анҷом додаанд мушаххас шуд, ки шарбати "Декстрометорфан", ки барои дармони сурфа истифода мешавад, метавонад сабаби зиёдшавии ин маризӣдар бадани фарди мубтало шавад.

Ин шарбат ҳамон фарояндеро фаъол мекунад, ки вируси корона барои зиёдшавии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Тасмими раису тобеин: маоши якмоҳа алайҳи коронавирус ва 500 сомонӣ кумакпулӣ ба табибон

Яке аз устодони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифода аз ин дору гуфтааст, ки он ҳоли беморони коронавирусро бадтар мекунад.

Донишмандони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско тавсия кардаанд беҳтар аст ҳама дар замони шуйюи вируси корона ва то замони эъломи натиҷаи ниҳоии таҳқиқот, дар истеъмоли ин дору ва доруҳои дигаре, ки боиси афзоиши зиёдшавии вирус мешаванд эҳтиёт кунанд.

4977
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Абдулло Рахнамо, политолог

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

0
(Таҷдидшуда 02:44 04.06.2020)
Сиёсатшиноси тоҷик пас аз 33 рӯзи дастбагиребонӣ бо “вируси корона” аз шифохона рухсат шуд ва ба хона баргашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 3 июн аз Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуд.

“Ҳафтае қабл таҳлилҳоямро барои вуҷуд доштан ё надоштани “вируси корона” гирифта буданд. Рӯзи 1 июн аз озмоишгоҳи “Диамед” – и шаҳри Душанбе санад фиристоданд, ки ҳамин гуна як маризӣ нест ва натиҷа манфӣ аст. Имрӯз духтури муолиҷ табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Донишманди тоҷик 12 май пас аз душвор шудани нафаскашӣ ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло ва ду рӯз пас бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

“Хеле сахту ногувор буд. Чун дар гуруҳи осебпазир будам, сахту тӯлонӣ азиятам дод. Гоҳо нафас пурра мегирифт. Чанд шабонарӯз аслан нашуд мижа ба ҳам занам. Соатҳо бо оксигенератор - дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекардам. Ташхис ҳама узви баданро хуб нишон медод, аммо нафастангӣ раҳоям намекард. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Шукр, ки инак, вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби 11 май дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Раҳнамо пас аз гирифтории ҳамсар, сипас, духтару ду писараш, ки аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят доштанд, мариз шуд. Ҳамсари худро дар шифохонаи “Якум Советски” бистарӣ карду худ низ ба Қарияи Боло интиқол ёфт.

Баъдтар ҳарду ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе гузаронда шуданд.

 “Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву фарзандонам низ пурра шифо ёфтаанд. Хулоса, Худованд иноят, давлат ҳимоят ва миллат табобат кард. Хонаводаи ман дигарбора сари як дастурхон ҷамъ омад”, - гуфт донишманди тоҷик.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар “таваллуди дубора” – и худ ба ҳукумат, роҳбарияти вазорати тандурустӣ, пизишкони шифохонаҳои Қарияи боло ва маризиҳои сироятӣ ва дар умум онҳоеро, ки барояш дуо карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.  Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард.

Абдулло Раҳнамо ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонда буд.

0
Барчаспҳо:
Абдулло Раҳнамо, рухсат, вирус, тоҷик, Тоҷикистон