Сокини шаҳри Ваҳдат зани 40-соларо буғӣ карда кушт

© SputnikБинои ВКД дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини шаҳри Ваҳдат бо зани 40 сола муноқиша карда, ӯро бо таври буғӣ кардан ба ҳалокат расонид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар пайи муноқиша марди 26 сола, сокини шаҳри Ваҳдат зани 40 соларо буғӣ кардааст, хабар медиҳад  хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

"Гумонбаршуда, рӯзи 7-уми январи соли 2017, тахминан соати 23:00 ҳангоми дар хонаи истиқоматии зани 40-солаи сокини шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо болишт ӯро бӯғӣ кардааст",-омадааст дар иттилоия.

Дар натиҷа зани 40 сола ба ҳалокат расид.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0