Ноқили барқ. Акс аз бойгонӣ

Барқдуздии зани 56 сола дар шаҳри Турсунзода

222
(Таҷдидшуда 11:18 19.01.2017)
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони соҳаи барқ дар шаҳри Турсунзода истифодаи ғайриқонунии қувваи барқро аз ҷониби зани 56 сола ошкор карданд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Зани 56 сола дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ба "Барқи тоҷик" 4 ҳазору 518 сомонӣ зарар расонидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Ҳангоми гузаронидани санҷиши муштараки кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи барқ муайян карда шуд, ки зани 56-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ғайриқонунӣ аз симчӯби қувваи барқ хати қувваи барқро ба хонаи истиқоматиаш гузаронидааст.

"Дар натиҷа, ба "Барқи тоҷик" ба миқдори 4 ҳазору 518 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст",-омадааст дар иттилоия.

Манбаъ хабар медиҳад, ки ҳамчунни  марди 44-солаи сокини шаҳри мазкур бе иҷозат ва ҳисобгираки барқӣ хати қувваи барқро ба хонаи истиқоматиаш гузаронидааст.

Ӯ ба "Барқи тоҷик" ба миқдори 6 ҳазору 961 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Қаблан низ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаҳои барқдуздиро муайян карда буданд. Ҳамин тавр, сокини 55-солаи шаҳри Душанбе ба таври ғайриқонунӣ бидуни ҳисобкунаки барқӣ ба нонвойхонаи худ барқ насб карда, ба "Барқи тоҷик" ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ зарар расонд.

Соҳибкори дигари Душанбе низ ба таври ғайриқонунӣ қувваи барқ истифода карда, ба "Барқи тоҷик" ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Андрей Захватов киршинос оид ба ИДМ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки мардуми оддӣ ҳеҷ гоҳ дуздӣ намекунанд, баръакс дар аксари маврид барои таъмири қубурҳои обгузаронӣ ба ҳукумат кӯмаки молиявӣ мерасонанд.

"Ман аз таъминкунандагони қувваи барқ борҳо дунболи пардохт накардани маблағи қувваи барқ шикоят шунидаам. Ин ҷои тааҷҷуб нест-чун сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар нимаи аввали соли 2015-31,6%-ро ташкил дод. Аммо ин рақам дар қиёс бо шумораи нафароне, ки маблағи қувваи барқро пардохт намекунанд, ба маротиб зиёд аст",-қайд кард Захватов.

222
Барчаспҳо:
4 ҳазору 518 сомонӣ, барқдуздӣ, зарар ба "Барқи тоҷик", "Барқи тоҷик", Турсунзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Душанбе лимити барқ нест, аммо барқдуздӣ ҳаст
Душанбе: дуздии барқ барои пухтани самбуса
Истифодаи барқ бе ҳисобкунак: кӣ ба “Барқи тоҷик” пул надод