Ҳероин. Акс аз бойгонӣ

Қочоқбари тоҷик бо ҳероин дар меъда, дар фурӯдгоҳ дастгир шуд

199
(Таҷдидшуда 15:28 03.02.2017)
Дар дохили меъдаи шаҳрванди Тоҷикистон даҳҳо капсули дар дохилаш ҳероин дарёфт ва мусодира градид

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Краснодари Русия шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба роҳбари гумруки маҳалӣ  Сергей Пашко.

"Шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1989  кӯшиши гузаронидани ғайриқонунии қочоқро тариқи Иттиҳоди гумрук кард. Тафтиши рентгенӣ ба ҷо намудани ним кило ҳероинро дар дохили медааш тасдиқ намуд",-шарҳ дод Пашко.

Манбаъ афзуд, ки духтурон аз меъдаи қочоқчӣ 71 капсула берун оварда, вазни умумии маводи мухадир 487,8 граммро ташкил дод.

Нисбати гунаҳкор аз ҷониби Кумитаи тафтишоти шаҳри Краснодари Русия  парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ӯро ҷазои то 20 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

Охирҳои моҳи ноябри соли 2016 дар фурӯдгоҳи Краснодар шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани 1,5 ҳероин дар меъдааш дастгир гардида буд.

Ин дар ҳолест, ки роҳбари Агентии назорати маводи мухаддири ҶТ Шерхон Салимзода, қайд намуд, ки қочоқбарон дар вақтҳои охир хатсайрҳои худро дигар кардаанд.

Шерхон Салимзода хабар дод, ки соли гузашта ба хотири дастгир нашудан, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз афташ хатсайрҳои чоқочбариро хеле хуб медонад, дар сарҳади Афғонистон бо Эрон бо 137 кило ҳероин дастгир гардид.

199
Барчаспҳо:
1,5 кило ҳероин, дастгир шудан, Кумитаи тафтишотии Русия, Краснодар, Русия
Мавзуъ
Кашфу мусодираи наздик ба 20 кило нашъа дар ВМКБ
Кашфу мусодираи 18 кило нашъа дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз
ВКД: кашфу мусодираи беш аз 70 кило нашъа дар ду рӯз