Корманди ОМОНи Русия

ОМОН Русия 41 муҳоҷири бозорнишинро дастгир кард

89
(Таҷдидшуда 11:57 16.05.2017)
ОМОН Русия дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ дар бозори вилояти Ростов 41 муҳоҷирро бо иттиҳоми буду боши ғайриқонунӣ дастгир кард

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Нисбати 10 муҳоҷир протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бино ба иттилоъи мақомоти Русия дар рафти гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Оқсойи вилояти Ростов, ки аксари фурушандаҳои бозори ин минтақаро зодагони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд, кормандони ОМОН ҳуҷҷатҳои буду боши муҳоҷиронро санҷиданд.

Маълум шуд, ки бархе аз муҳоҷирон дар ҳудуди Русия ба таври қонунӣ кору фаъолият мекунанд.

"Зиёда аз 40 кас бе ҳуҷҷатҳои лозима буданд. Муҳоҷирони беҳуҷҷҷат дастгир шуда, ба шӯъбаи ВКД-и ноҳияи Оқсой оварда шуданд",-омадааст дар хабарнома.

Нисбати 10 муҳоҷир кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия протоколи маъмурӣ "Оиди вайрон кардани қонуни буду бош дар Русия"тартиб додаанд.

Гуфта мешавад, ки корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ин росто дар дигар манотиқ идома мекунанд.

Пас аз инфиҷор дар метрои Петербург мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар пайи ковтукови ҷинояткорон дар аксар ҳол шахсони ба ин қазия даст надоштаро низ боздошт карданд.

Дар ин росто Барзу Абдураззоқов коргардони номдори тоҷик дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи боздошту пурсуҷӯ шуданаш дар фурудгоҳи шаҳри Маскав гуфт, кормандони гумруки Русия ҳангоми боздошт, ҳеч далеле, ҳатто узви Иттиҳодияи театрҳои русӣ буданашро ба назар нагирифтанд.

89
Барчаспҳо:
41 муҳоҷир, дастгир шудан, "ОМОН", Русия
Мавзуъ
Азимов эътироф кард, ки инфиҷор дар метрои Петербургро омодасозӣ кардааст
Боздошти яке аз омодасозони инфиҷор дар метрои Петербург
Сафорати Тоҷикистон: Содиқ Ортиқов - муттаҳам ба бумбгузорӣ дар метрои Петербург - шаҳрванди ҶТ аст
Инфиҷор дар метрои Петербург чи асару таъсире бар вазъи муҳоҷирон хоҳад гузошт?