Говҳо.

Рабудани чорво дар Бохтар ва Рӯдакӣ: дуздон ба даст афтоданд

110
Вақтҳои охир дуздон рӯ ба чорвои шохдор кардаанд. Дуздони чорвои шохдор дар ноҳияи Бохтар ва Рӯдакӣ ба даст афтоданд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ сокини деҳоти Зайнабободи ноҳия аз дузди чорвояш шикоят кардааст.

Шаби 19 май шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш як сар гову гусола, ки арзишашон 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Пас аз баргузории чорабиниҳои вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 33-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро дастгир карданд.

Бо ҳамин монанд, дар ноҳияи Бохтар низ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Балҷувон барои даст доштан дар дуздии чорво дастгир карда шуд. 

Гумонбаршуда шаби 21  апрел бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҳавлии истиқоматии марди 51-сола ва марди 42-солаи сокинони ноҳияи Бохтар ду сар чорвои калони шохдорро дуздидааст.

Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

110
Барчаспҳо:
дуздии чорво, ВКД-и Тоҷикистон, Рӯдакӣ, Бохтар, Тоҷикистон
Мавзуъ
Боз як дуздии чорво дар Ҳисор