Қочоқбари тоҷик дар Тошканд дастгир шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти бозҷӯии шахсӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон маводи мухаддири навъи ҳашиш ба миқдори 932 грамм ёфт шудааст

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Хадамоти гумруки Узбакистон дар паи корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд.

Бино ба иттлоъи хабаргузории  Podrobno.uz. шаҳрванди Тоҷикистон аз роҳҳои фаръӣ ба қаламрави Узбакистон ворид шудааст.

Ҳангоми бозҷӯии шахсӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон маводи мухаддири навъи ҳашиш ба миқдори 932 грамм ёфт шудааст.

Мақомоти интизомии Узбакистон барои бозҷӯии ин маврид парванда оғоз кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0