Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти сокини шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми ғоратгарӣ

1061
(Таҷдидшуда 11:04 07.08.2017)
Сокини шаҳри Хоруғ бо иттиҳоми дуздӣ дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, ба мақомоти милитсия марди 25-солаи сокини ноҳияи Рӯшон аз ҳодисаи ғоратгарӣ шикоят кардааст.

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 3 август, тахминан соати 19:00-дақиқа, шахсони номаълум дар боғи “Ғалаба”-и шаҳри Хоруғ ӯро лату кӯб карда, аз дасташ 1 ҳазору 500 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти интизомӣ марди 35-солаи сокини шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир карданд.

Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

1061
Барчаспҳо:
ғоратгарӣ, боздошт, ВКД ҶТ, Хоруғ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сел дар шаҳри Хоруғ хиёбонҳоро баст
Боздошти қотили Фирӯз Одинашоев дар шаҳри Хоруғ
Сокини шаҳри Хоруғ: Фирузро дар ҳавлии худаш тир заданд
ВКД: ҳалокати ду нафар дар шаҳри Хоруғ
Арест, архивное фото

Миёнарави фиребгар: боркаши "Рено"-ро фурӯхт ва 160 ҳазор сомониро ба соҳибаш надод

122
(Таҷдидшуда 15:09 02.07.2020)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 38-солаи шаҳри Хуҷанд ба гумони қаллобӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 6-уми сентиябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи боркашии тамғаи “Рено”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ барои фурӯш гирифтааст.

Ожонси зидди фасод раиси хоҷагии деҳқониеро барои заминфурӯшӣ боздошт кард

ВКД дар идома ин қазия мегӯяд, марди қаллоб маблағҳои бадастовардаашро ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст.

Манбаъ афзуда, кинНисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

122
Барчаспҳо:
ВКД, қаллоб, боздошт, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти марде, ки духтари ҷавонро таҳқир кард - акс

685
(Таҷдидшуда 16:32 14.06.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти марди бадрафтор ва ҳақорачтӣ хабар додааст, ки чанд рӯз боз навори бадгӯияш дар интернет паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин мард дар паи шикояти духтари ҷавоне боздошт шудааст.

Бино ба гузориши манбаъ, ҷавонзани сокини ноҳияи Синои пойтахт бо ирсоли навори дағалгуфтории марди тақрибан 45-50 сола аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Навори мазкур дар сомонаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифтааст.

Пеши роҳашро гирифту ишораи таҳқиромез кард: шикояти духтари ҷавон ва муҷозоти ронанда

Муроҷиати мазкур таҳти баррасии фаврии милитсияи пойтахт қарор гирифта, шахсият ва сабаби сар задани ҳодисаи мазкур муайяну ошкор карда шуд.

"Зимни баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович соли таваллудаш 16.10.1975. сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Клара Сеткина бинои 12 мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои РВКД, дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва ҷабрдида муайян карда шуд, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда зимни партофтани партов воқеъ дар кӯчаи К. Сеткина, партови худро дар ҷойи муқарарнагардида гузоштааст, ки боиси эрод ва дашному ҳақорати ин мард гардидааст.

Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович
Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович

 

Ҳамзамон маълум карда шуд, ки марди дастгиршуда, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, масъул ва назораткунандаи партовгоҳи кӯчаи мазкур будааст.

Манбаъ афзуда, ки феълан нисбати номбурда барои содир намудани кирдорҳои майдаавбошона протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

685
Барчаспҳо:
таҳқиромез, таҳқир, боздошт, Душанбе
Раиси вилояти Хатлон ба аёдати маъб рафт

Раиси вилояти Хатлон аз ҳисоби худ ба маъюби 26-сола панҷ ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дод

0
(Таҷдидшуда 02:53 06.07.2020)
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ёвон Хуҷамурод Хуҷаевро, ки маъюби гурӯҳи якум аст, аёдат кард

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, Хуҷамурод, ки сокини деҳаи Боғдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аст ва ӯ 26 сол дорад.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки айни ҳол сохтмони манзили истиқоматии нав барои оилаи Хуҷамурод бомаром идома дошта, аллакай марҳилаи бомпӯши хона ҷараён дорад.

“Давлат ҳеҷ гоҳ афроди имконияти ҷисмоиашон маҳдуд, ятимону бепарасторонро танҳо намегузорад. Пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони манзили зист, дар фикри барпо намудани тӯй шуда, Шуморо хонадор мекунем”, - қайд намуд зимни суҳбат бо Хуҷамурод Хуҷаев раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода пас аз мулоқот бо Хуҷамурод ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва барои хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, картошка, пиёз, қанд ва ғайра тақдим намуд.

Вай ҳамчунин ба масъулони ниҳодҳои дахлдор дастур дод, ки сохтмони манзили зисти Хуҷамурод Хуҷаевро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонида шавад.

0
Барчаспҳо:
кумакпулӣ, маъюб, Хатлон, Тоҷикистон