Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов

Пуштибонии Русия аз муттаҳаме дар додгоҳи Душанбе

524
(Таҷдидшуда 16:41 09.08.2017)
Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро, ки муттаҳам ба қочоқи тангаҳои қадимӣ шудааст, баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфтааст, ки сафорат қазияи шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро пайгирӣ дорад.

"Сафорати Русия дар Тоҷикистон бодиққат қазияи боздошт ва баррасии додгоҳии шаҳрванди Русия Татяна Хужиеваро пайгирӣ дорад. Ӯро кумаки ҳуқуқӣ ва маънавӣ мерасонад. Намояндаи сафорат дар ҳама ҷаласаҳои додгоҳӣ ширкат мекунад", — гуфт дар суҳбати телефонӣ сафир ба РИА Новости.

Рӯзи душанбе, 7 август дар пойтахти Тоҷикистон нахустин ҷаласаи додгоҳии шаҳрванди Русия, ки моҳе қабл ба иттиҳоми қочоқи сиккаҳо боздошт шуда буд, баргузор шуд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар бори Татяна Хужина як адад тангаи мисӣ ёфтанд, ки дар пушту рӯяш "копьики. Е. М." ва "1823 г." навишта шуда буд.

Бино ба арзёбии коршиноси аршади Шуъбаи нигаҳдориву баҳрабардорӣ аз мероси торихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги ҶТ, танга дар ҳолати хуб қарор дошта, арзиши торихиву фарҳангӣ, сиккашиносӣ (нумизматикӣ) ва осорхонаӣ доштааст.

524
Барчаспҳо:
пуштибонӣ, мурофиа, ВКД-и Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пешгирӣ аз қочоқи тангаи мисин дар фурудгоҳи Душанбе
Беқурбшавии бесобиқаи тангаи қазоқӣ