Татьяна Хужина

ВКД Русия: Татяна Хужина дар Тоҷикистон мемонад

142
(Таҷдидшуда 10:27 22.08.2017)
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Татяна Хужина, шаҳрванди Русияро дар қочоқи тангаҳои қадим гунаҳкор дониста, ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи ВКД Русия, Татяна Хужина бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии тангаи таърихӣ боздошт шудаву ҳамакнун то амалӣ шудани қарори додгоҳ, ҳуҳуқи тарки Тоҷикистонро надорад.

Рӯзи душанбе додгоҳи Тоҷикистон, Хужинаро дар қочоқи тангаҳои қдадима (соли 1823) айбдор дониста ӯро 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

"То қабули қарори ниҳоии додгоҳи Душанбе, Хужина ҳуқуқи тарки Тоҷикистонро надорад", — омадааст дар хабарномаи ВКД Русия.

Ҳамчунин намояндагони Русия мегӯянд, ки "ВУХ Русия ҳамроҳ бо сафорати Русия дар Тоҷикистон масъалаи боздошти Хужинаро аз аввал таҳти назорати қатъӣ гирифта буданд, то тавонанд шаҳрванди Русияро кумаку пуштибонӣ кунанд".

Татяна Хужина моҳи июн дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба иттиҳоми қочоқи як дона тангаи имперотурии Русия боздошт шуда буд. Ин сикка, ба гуфти муттаҳам, аз они модараш буда ва онро чун ёдгор аз модар бо худ медоштааст.

Коршиносони рус мегӯянд, ки арзиши он сикка бештар аз чаҳор дулор нест. Вале қонунгузории Тоҷикистон сиккаҳоеро, ки 50 солу пештар аз он зарб зада шудаанд, дорои арзиши торихӣ мешуморад ва берун аз кишвар бурданашонро мамнуъ кардааст.

142
Барчаспҳо:
бо қарори додгоҳ, ВУД Русия, Татяна Хужина, Тоҷикистон
Мавзуъ
Татяна Хужина ҷаласаи додгоҳро ба рӯзноманигорон тавзеҳ дод
Умеди Вазорати умури хориҷаи Русия аз додгоҳи Тоҷикистон
Ҷурми Татяна Хужинаро рӯзи душанбе эълом мекунанд
Пешгирӣ аз қочоқи тангаи мисин дар фурудгоҳи Душанбе