Амалиёти ҷустуҷӯӣ дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Дар ҷустуҷӯи муҳоҷирон: оғози даври дуюми амалиёти "Нелегал 2017" дар ҶТ

102
(Таҷдидшуда 16:03 27.09.2017)
Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкилкунандагони он ва тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон санҷида мешавад

ДУШАНБЕ, 27 сент — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, амалиёти "Нелегал 2017" аз 25 сентябр оғоз гардида, то 6-уми октябри соли равон идома мекунад.

Дар амалиёт ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Бо ин мақсад дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои поёнии он ситодҳои оперативӣ таъсис дода шудааст.

"Аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ нисбати муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкилкунандагони он, пурзӯр намудани назорат нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд санҷишҳо гузаронида мешавад", — омадаадст дар хабарнома.

Чорабинии мазкур аз 25-уми сентябр оғоз гардида, то 6-уми октябри соли равон идома меёбад.

Ёдоварӣ мекунем, ки мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ҳар сол дар ду марҳила, моҳҳои май-июн ва сентябр-октябр чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, таҳти унвони шартии "Нелегал" гузаронида мешавад.

102
Барчаспҳо:
амалиёти ҷустуҷӯӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон