Корд. акс аз бойгонӣ

Муноқишаи бародар бо бародар ба кордкашӣ овард

180
(Таҷдидшуда 10:52 30.10.2017)
Муноқишаи оилавии ду бародар дар шаҳри Ҳисор бо коркашӣ анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса рӯзи 28 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор рӯзи 28-уми октябри соли 2017, дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, бо бародараш, марди 41-сола, ҷангу ҷанҷол кардаааст.

Дар натиҷа ин мард бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба аъзои бадани бародараш задааст.

Дар паи ин зарбаҳо, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Ҳамин тавр, дар паи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

180
Барчаспҳо:
кордкашӣ, вазорати корҳои дохилӣ, Ҳисор, Тоҷикистон