Биринҷ. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе фурӯшандаҳои макарон ва биринҷи пастсифат ошкор шуданд

196
(Таҷдидшуда 13:33 31.12.2017)
Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои хӯроквории ҶДДМ “Шириниҳои Пойтахт”, камбудиҳои ҷиддии хати барқ ва ҳолати бади санитарӣ-гигиенӣ муайян карда шудааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи "Тоҷикстандарт", Нозироти андоз ва Хадамоти давлатии санитарии эпидемиологии шаҳри Душанбе, камбудиҳои ҷиддии корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои хӯроквории ҶДДМ "Шириниҳои Пойтахт" ошкор шудааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Рӯзи 29-уми декабри соли 2017, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  дар корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои хӯроквории ҶДДМ "Шириниҳои Пойтахт", воқеъ дар кӯчаи Лучоб, ки ба шаҳрванд М.Х., соли таваллудаш 1966, сокини пойтахт, сардори ҶДДМ "Шириниҳои Пойтахт" ва бо шарики тиҷоратии ӯ шаҳрванд Ш.С., соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ доранд, камбудиҳои ҷиддии хати барқ ва ҳолати бади санитарӣ-гигиенӣ муайян карда шуд.

"Мувофиқи маълумотномаи Агентии стандартизатсия таҳти №5760 аз 27 —уми декабри соли 2017, макарони навъи "вермишел" 3036-кг ба маблағи 11025-сомонӣ, макарони навъи "крупние рожки" 7957-кг ба маблағи 27853-сомонӣ ва биринҷи "Асман" 750 кг ба маблағи 6000-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 44878-сомонӣ, ба талаботи ГОСТ ҷавобгӯй нестанд",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаву тафтишот идома дорад. 

196
Барчаспҳо:
маҳсулоти пастсифат, ВКД-и Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон